Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси ноҳия П. Зарифзода дар бораи мушкилоти ҷойдоштаи ноҳия, оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, таъмири роҳҳои деҳот, ҳолати муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон маълумоти мухтасар дод. Ҳамчунин, раис аз хусуси омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки ба ин муносибат нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳрезӣ шудааст. Тибқи нақша дар давраи солҳои 2018 - 2021 беш аз 32 муассисаи таълимӣ таъмир карда шуда, азнавсозии 19 муассисаи таълимӣ дар назар аст. Муассисаи таълимии деҳаи Шоҳон барои 644 нафар хонанда дар соли хониши 2018-2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Мавсуф қайд намуд, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 87 нафар омӯзгори ғайриихтисос дарс медиҳанд ва 6 нафар омӯзгори фанни забони хориҷӣ намерасанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр