Нашрияи Омӯзгор

Қабули «Фалак» ба Феҳристи ғайримоддии ЮНЕСКО

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 95        Шарҳ: 0

 

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳристи   мероси фарҳангии ғайримоддии башарият — ЮНЕСКО ворид  гардидани номинаи «Фалак»  бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги мамлакат, олимон ва устодону донишҷўён нишасти матбуотӣ доир гардида, зимни он китоби тозанашри фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибеки Асрориён таҳти унвони «Фалак» (сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ) муаррифӣ шуд.

Зимни ифтитоҳи нишаст директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик Дилшод  Раҳимӣ доир ба ворид гардидани номинаи фалак ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО  маърўза намуд.

Фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибек Асрориён иброз дошт, ки  таърихи пайдоиши жанри фалак асосан давраи пеш аз асри X маҳсуб мешавад. Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон зикр намуд, ки қабул гардидани номинаи фалак дар соли 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муждаи фарҳангӣ буда, фарҳангпарвару санъатдўст будани мардуми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ  менамояд.

Мавсуф зикр намуд, ки 15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, котиби масъули Шри Ланка оид ба корҳои ЮНЕСКО Пунчи Ниламе Мегасват ворид гардидани номинаи «Фалак»-ро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш