Нашрияи Омӯзгор

Оғози нави сохтмони мактаб

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

 

Ба наздикӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, муовини вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода, роҳбари гурўҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Баҳром Сатторӣ, сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Дилшод Сафарзода, сокинони деҳаи Файзбахши шаҳри Турсунзода ба сохтмони нотамоми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93 барои 640 ҷойи нишаст аз нав оғоз бахшида шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз ҳисоби марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд анҷом дода шуда, пудратчии лоиҳа ҶДММ “Содот-сохтмон” мебошад ва ба корҳои сохтмонӣ пурра устоҳои маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

Раиси шаҳри Турсунзода П. Акрамзода зикр кард, ки сохтмони муассисаи мазкур соли 2007 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ соли 2012 қатъ шуда буданд. Деҳаи Файзбахш ҳамчун деҳаи наздисарҳадии ҳаммарз бо Ҷумҳурии Ўзбекистон буда, дар он зиёда аз 1000 хоҷагӣ зиндагӣ дорад ва хонандагони деҳа ҳамарўза барои таҳсил тавассути автобуси ташкил намудани мақомоти маҳаллӣ ба дигар деҳа бурда мешуданд.

Вазири маориф ва илми кишвар М.Имомзода ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таъмини ҳарчи зудтари хонандагон бо муассисаи таълимию ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати кутоҳ ба анҷом расонида шавад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш