Нашрияи Омӯзгор

Иштироки вазири маориф ва  илм дар Саммити RiwerEd

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 43        Шарҳ: 0

 

Аз 12 то 14-уми декабри соли равон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Саммити RiwerEd баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Дилшод Сафарзода иштирок доштанд. 

Дар доираи сафари корӣ вазири маориф ва илм М.Имомзода дар ҷаласаи панелии сатҳи баланд оид ба маблағгузории соҳаи маориф иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимӣ ва мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла, норасоии ҷойи нишаст вобаста ба зиёдшавии шумораи аҳолӣ, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва омилҳои асосии таъсири манфии пандемияи COVID-19 дар муассисаҳои таълимӣ  ибрози андеша намуд.

Инчунин, дар идомаи сафари корӣ, вазири маориф ва илм дар чорабинии дигари панелии сатҳи баланд оид ба роҳҳои маблағгузории муфид ба соҳаи маориф, ки аз ҷониби гурўҳи ҳамоҳангсозии арабӣ таҳти роҳбарии Бонки Исломии Рушд ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ташкил гардида буд, иштирок ва суханронӣ кард. Дар ҷаласаи мазкур вазир М.Имомзода оид ба нақши гранти Фонди глобалии таҳсилот вобаста ба маблағгузорӣ ва дастгирии соҳаи маорифи кишвар ибрози назар карда, ҷиҳати дастгирии оянда дар самти татбиқи Стратегияи рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 андешаронӣ намуд. 

Ҳамзамон, дар доираи сафари мазкур як қатор вохўриҳо низ доир гардид. Аз ҷумла, дар шаҳри Дубай вохўрии вазири маориф ва илм бо муовини директори генералии шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф  (ГПО) Чарлз Норс баргузор шуд. Дар вохўрии мазкур оид ба дастгирии соҳаи маорифи кишвар дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Зимни суҳбат вазири маориф ва илм Шарикии глобалӣ дар соҳаи маорифро (ГПО) ҳамчун шарики боэътимод дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои рушди маорифи кишвар ҳисобида, пешниҳод намуд, ки  яке аз ҷаласаҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (ГПО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. Ҷаноби Чарлз Норс пешниҳоди мазкурро қобили қабул шуморида, ҳамзамон, пешниҳод кард, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси аъзои Шўрои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (ГПО)  пазируфта шавад.  Вазири  маориф ва илм аз Чарлз Норс даъват намуд, ки дар фурсати барояшон мувофиқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф биёранд.

Дар шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб вохўрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини директори генералии Фонди хайриявӣ ва башардўстонаи Зойид бин Султон Оли Наҳён доктор Иброҳим баргузор гардид. Дар вохўрии мазкур лоиҳаи Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Фонди хайриявӣ ва башардўстонаи Зойид бин Султон Оли Наҳён оид ба сохтмони 5 муассисаи таълимӣ (ҳар кадоме барои 144 ҷойи нишаст) дар ноҳияҳои Кўшониён, Данғара, ва ноҳияи Темурмалик мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар рафти вохўрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки созишномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2022 ба имзо расонида шуда, барои оғози сохтмони муассисаҳо санги асос гузошта мешавад.

Дар доираи сафари  мазкур, инчунин, дар шаҳри Дубай вохўрии вазири маориф ва илм бо роҳбари гурўҳи татбиқи лоиҳаҳои “Dubay Care” хонум Нада баргузор гардид. Дар вохўрии мазкур вазири маориф ва илм оид ба дастгирии соҳаи маорифи кишвар дар самти сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи маориф ва компютеркунонии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ суханронӣ намуд. Хонум Нада пешниҳодоти ироанамудаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро қобили қабул шуморида, омодагии “Dubay Care”-ро барои ҳамкориҳо иброз намуд. Вазири  маориф ва илм аз хонум Нада даъват ба амал овард, ки роҳбарияти “Dubay Care” дар фурсати барояшон мувофиқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф биёранд.

Дар шаҳри Дубай вохўрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доктор Рафаел Нагел-раиси ширкати тиҷоратии “Abramahic” баргузор гардид. Ҷаноби Рафаел Нагел вобаста ба дастовардҳояшон дар самти фаъолияти донишгоҳи маҷозӣ (онлайнӣ) ва таъмини ҷойи кор баъди хатми донишгоҳ  маълумот доданд. Мавсуф қайд кард, ки айни замон барои донишҷўёни Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 бурсияи таҳсилӣ ҷудо шудааст.

 Доктор Рафаел Нагел омодагии худро ҷиҳати ҷудо намудани бурсияҳои бештар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили донишҷўён дар донишгоҳи мазкур ва дар оянда кушодани филиали ин донишгоҳ дар заминаи яке аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мазкурро қобили қабул шуморида, таъкид намуд, ки ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад. Дар охир вазири  маориф ва илм аз доктор Рафаел Нагел даъват намуд, ки дар фурсати барояшон мувофиқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф биёранд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш