Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба омўзиши  забони русӣ

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 74        Шарҳ: 0

 

17-уми декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо муовини Шўрои директорони бонки АвруОсиёи таҷдид ва рушд Мандрон Ярослав ва ноиби президенти ширкати “Просвешение” Зенкович Павел Станиславович баргузор гардид.

Зимни суҳбат зикр шуд, ки мақсад аз вохўрии мазкур муҳокимаи масъалаи таъмини мактабҳои таълимашон бо забони русӣ бо китобҳои русӣ ва ҳамчунин, мутобиқсозии китобҳои дарсии бо забони русӣ мутобиқ ба барнома ва стандартҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни вохўрӣ муовини Шўрои директорони бонки АвруОсиёи таҷдид ва рушд Мандром Ярослав қайд намуд, ки дар назар аст, шуруъ аз соли нав ба муассисаҳои таълимии бо забони русӣ фаъолияткунанда, хусусан, мактабҳои Президентӣ наздики 40000 нусха китоби дарсӣ дастрас карда мешавад.

Таъкид гардид, ки бо мақсади мутобиқсозии китобҳои дарсӣ ба барнома ва стандартҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳҳои кории муштарак таъсис дода мешавад.

Зайнаб Ҳусейнова

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш