Нашрияи Омӯзгор

Фарзанди  садоқатпешаи миллат

Сана: 2021-12-24        Дида шуд: 89        Шарҳ: 0

 

«Миллате, ки  роҳнамои  соҳибхирад надорад, дар арсаи  ҳастӣ ба нокомӣ дучор хоҳад омад», «Шахсиятҳои  бузург қисмати  мамлакатро меофаранд», «Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест», «Миллате машҳуру шарафманд аст, ки пешвои  ҷасуру адолатпеша дорад», - ин ҳама андарзҳои  дерину маъмуланд, ки  ба воқеияту ҳаққонияташон шубҳае нест  ва ба ин, пеш аз ҳама, таърихи  башар гувоҳ аст. Рўзгорони  пурҳаводиси  тоҷикон дар даврони  истиқлол бори  дигар собит сохт, ки  роҳбари  хирадманду ватандўсту халқпарвар дар сарнавишти   миллат чӣ  нақши  баргузидаву мондагоре дорад.

Таърихи  халқи  тоҷикро дар се даҳсолаи  охир бидуни   фаъолияти  фидокоронаю пурбору садоқатбори   фарзанди  бузурги  миллат  Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст. Аҳли  кишвар ба сари   қудрат омадани  ин абармарди  равшанзамиру вологуҳарро, барҳақ, лутфи  қисмат ва шарафи  бузург медонанд. Имрўз корномаи  беназири  Пешвои миллат сари  забонҳост ва қиссаи  тўлониву бардавомест, қиссае, ки  дар он вожаҳои  ҷасорат, садоқат, муҳаббат, Ватан, фидокорӣ, хирад, матонат, шараф, адолат, бунёдкорӣ, ифтихор, сулҳ, пирўзӣ…хеле ва хеле зиёд истифода мешаванд. Ҳар як соли  даврони  соҳибистиқлолии  тоҷикон таҳти  роҳбарии хирадмандонаи  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пур аз пешрафту комёбӣ, ободкорию созандагиҳост. Ватани мо таҳти  роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври  ҳайратовар симо тағйир дод, басо обод гашт, шуҳратёр шуд ва ҳамчун яке аз кишварҳои  дорои  ҳаёти  боамну осоишта дар арсаи  ҷаҳон эътироф шуд. Имрўз аҳли  ҷаҳон аз ин ҷумҳурии дар гузаштаи  наздиктарин печида ба оташи  ҷангу ихтилофоту даргириҳо дарси  сулҳ меомўзанд, таҷрибаи  ваҳдатофаринӣ меандўзанд.

Ба чанд далеле, ки маъруфияту пешрафти  Тоҷикистонро вобаста ба сиёсати  хирадмандонаи  Сарвари  кишвар дар паҳнои  ҷаҳон бозгўӣ  мекунанд, рўй меоварем.

Бонки  умумиҷаҳонӣ  чун яке аз ниҳодҳои  бонуфузтарини   олам  соли  2021 рейтинги  давлатҳоеро, ки  барои  рушди  тиҷорат  заминаи  устувор мегузоранд, нашр кард. Дар ин рўйхат  Тоҷикистон  дар қатори  даҳгонаи  аввал ҷой гирифтааст.

Хабарнигорони  бидуни сарҳад, ки  дар саросари  дунё маърифат  ва пайваста изҳороту муқаррароти  бунёдиву воқеъбинона пахш мекунанд, соли  2010 дар миқёси  олам вазъи  озодии  баёнро  омўхта, Тоҷикистонро ҳам чун озодтарин давлати  Осиёи  Марказӣ номбар карданд.

Пажуҳишгоҳи  сулҳ ва иқтисод дар Амрико (дар ақсои  ҷаҳон маъруф аст) соли  2011 рўйхати   кишварҳои  амну осоиштаи  оламро нашр кард. Тоҷикистон дар ин рўйхат амнтарин кишвари  минтақа муаррифӣ  мешавад (босуботу осоиштатарин мамлакат дар сафи  кишварҳои  собиқ ИҶШС).

Тибқи  муқаррароти  сомонаи  маъруфи  интернетии  сайёҳии  «Global Sport» Тоҷикистон  дар сафи  даҳгонаи  беҳтарин давлатҳои  сайёра барои  сайру сайёҳӣ дар соли  2014 шомил гардид. Ва дар ҳамин сол Бонки  байналмилалии  асъор кишвари маҳбуби моро дар қатори  даҳ кишвари  аввалини  ислоҳотгар дохил намуд. Ба андешаи  коршиносони ин ниҳод Ҳукумати  Тоҷикистон барои  рушди  иқтисодиёт  ва баланд бардоштани  сатҳи  зиндагии  мардум  тадбирҳои  судбахшу босамар андешида, инфрасохтори  замонавӣ фароҳам  меоварад.

Барои тоҷикони  сарфарозу  бостонгуҳар бузургтарин дастовард дар замони  истиқлол ба даст овардани  ваҳдати  миллӣ ва таъмини  суботи  амният дар ҷомеа мебошад. Тамоми  комёбиҳову созандагиҳои  минбаъдаи  ҷумҳурӣ самараи  ҳамин дастоварди  бузург мебошанд. Ҳоло Тоҷикистони  соҳибистиқлол ба як узви  фаъолу эътирофшудаи  ҷомеаи   ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва мақому  мартабааш дар паҳнои  олам пайваста боло меравад. Вобаста ба ин, эҳтирому эътиқоду муҳаббати  мардум ба Пешвои  муаззами  хеш боз ҳам  меафзояд.

Сокинони Тоҷикистони  азиз бо шоҳроҳи  бахту саодат,  бо қадамҳои  устувор ва бо неруи  шикастнопазир ба сўи  ояндаи  дурахшон ва шукуфо равонанд ва итминони  комил доранд, ки  ба  қуллаҳои  навини  мақсуд мерасанд, зеро онҳоро Пешвои  халқпарвару хирадманду бошарофат раҳнамунӣ  мекунад.

 

Санавбар РАҶАБОВА,

рўзноманигор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш