Нашрияи Омӯзгор

Пешвои Тоҷикистон зинда бод!

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 87        Шарҳ: 0

 

Дар замони тираву пур аз шикаст

Халқи тоҷикро Худо бигрифт  даст.

Лутфи  Ҳақ будӣ, ки  бар нафъи  Ватан

Ибни  Раҳмон бар сари  қудрат  нишаст.

 

Аз ҳамон рўзи  нахусти  сарварӣ

Гуфт: - Кори ман бувад сулҳофарӣ.

Кишвари  дар чанги  ҷанг афтодаро

Мекунам аз кулли  офатҳо барӣ.

 

Тоҷи  тоҷикро зи  нав пурнур кард,

Ҳар балоеро зи  кишвар дур кард.

Давлати  бошавкате бунёд сохт,

Халқро фархундаву масрур кард.

 

Ҳар куҷо бо азму қалби  пок рафт,

Бар дами  оташ гаҳе бебок рафт.

Дар ҳама ҷо ҳарф аз ваҳдат  бигуфт,

Шуҳраташ болотар аз афлок рафт.

 

Роҳу нақбу НОБ-ҳо бунёд кард,

Боғҳову шаҳрҳо эҷод кард.

Мулкро аз вартаҳо берун кашид,

Нақшаҳои   душманон барбод кард.

 

Фикри  халқаш кард, рўзу шаб нахуфт,

Ҳар куҷо бар ҳифзи  миллат  ҳарф гуфт.

Шаҳкитоби  таърихи миллат  навишт,

Нахли  бахти мо зи  фазли  ў шукуфт.

 

Дўстиву ваҳдату авҷу барор

Халқи  тоҷикро бувад акнун шиор.

Сарвараш ҳамчун падар андар бараш,

Аз Падар дорад ҳамеша ифтихор.

 

Ин Ватанро кард мулки  босафо,

Зиндагиро кард айни муддао.

Кишварашро пеш бурду пеш бурд,

Пешво шуд, Пешво шуд, Пешво!

 

Сарзамини  гулбадомон зинда бод!

Мардуми  хушазму паймон зинда бод!

Ҳамчу рамзи  бахти  халқи  тоҷвар

Пешвои Тоҷикистон зинда бод!

Рухшона МУРОДАЛИЕВА,

магистри  курси  дуюми 

Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш