Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон мусоидат намуда, пайвандгари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамдилии мардумони олам аст.
Хушбахтона, солҳои охир дар миқёси ҷумҳуриамон иншооти зиёди варзишӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст. Тӯли солҳои 2011 – 2017 дар шаҳру навоҳии мамлакат бештар аз 1500 иншооти нави варзишӣ бунёд ёфтанд. Дар зарфи ду – се соли охир танҳо дар пойтахт бештар аз 70 варзишгоҳ бунёд гардид. Ҷалби сокинони кишвар, бахусус, насли наврас ба соҳаи варзиш аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар муассисаи таълимии рақами 3 – и деҳаи Лайрон доир ба такмил додани соҳа нақша - чорабиниҳои мукаммал тартиб дода шуда, тибқи он ҳар гуна мусобиқаҳои варзишиву мизҳои мудаввар гузаронда мешаванд. Устодони соҳа ба ин васила шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худого-ҳӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳаёти солим тарбия менамоянд. Толори варзишии замонавӣ надошта бошем ҳам, хонандагон дар майдони футболи хурд, дарсҳои волейболбозӣ, варзиши сабук, давидан ба дарозии то се ҳазор метр, ҷаҳидан ба дарозӣ, дастхобонӣ ва машқҳои гимнастикаи сабукро бо маҳорати баланд иҷро мекунанд. Дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии мамлакат варзиш дар мамлакат рушд ёфта, ҳамчун омили тансиҳатӣ шуғли оммавии мардум гардидааст.
Саидаҳмад ҶАМОЛОВ,
омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби №3-и ноҳияи Нуробод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр