Нашрияи Омӯзгор

Эҳёи суннатҳои аҷдодӣ

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 92        Шарҳ: 0

 

Дар ҳунарҳои мардумӣ бадеият, зебоӣ, нафосату истеъдоди баланди офарандагӣ таҷассум ёфтаанд.

Ин падидаест, ки аз қаъри асрҳо, тавассути заковати баланди миллат эҳё гардида, такмил ёфта, ба сатҳи олии зебоию зебоипарастӣ расидааст. Барои мисол аз ҳунари чакандўзӣ ёд меоварем, ки ҷаҳонро тасхир намудаву ҳаводорони худро ёфтааст. Он садсолаҳо қабл дар Хуталони бостон эҳё гардидаву вобаста ба муҳити замону талаботи давр такмил ёфта, рушд намудааст.

Ҳунарҳои мардумӣ дар ибтидои пайдоиш, ҳамчун бахши саноати хурд, ҷойи кор ва воситаи рўзгузаронии мардум, бахусус, ҳунармандон - косибон буданд. Рўзгори сангини мардуми бебизоат дасти онҳоро ба касбеву ба коре рост намуда буд. Масалан, бофандагон дар гузаштаи начандон дур, ки на фабрикаҳои бофандагӣ буданду на сехи дўзандагие, бо калобаресӣ аз пашми бузу гўсфанд гилем мебофтанду бо чархаю дук ресмон танида, матоъ, аз қабили карбос аз пахта, алоча, шоҳӣ аз абрешим мебофтанд.

Ҳунарҳои мардумӣ боис гардиданд, ки аз дўкони карбосбофии бенавоӣ то ба сехи бофандагию фабрикаҳои пуриқтидори замонавӣ соҳаи бофандагӣ такмил ёфта, дар ин замина саноати сабук ба вуҷуд ояд.

Воқеан, сарзамини тоҷикон аз қадимулайём бо маҳсули дастони сеҳроноки ҳунармандонаш шуҳраи офоқ гардида буд. Маҳсули дастони косибони тоҷик дар саросари Мовароуннаҳр, Хуросону Эрон, дар Руси қадиму мамолики скандинавӣ, дар Чину Мочину Араб паҳн мегардиду талабгорону харидорони худро ёфта буд. Бахусус, маҳсулоти бофандагии тоҷикон  - алочаи рангаю беқасаби пурҷило ва шоҳии шоҳона дар саросари дунё маъруфу машҳур буданд.

Ин навъҳои маҳсулоти серталаб дар марказҳои ҳунарие мисли Хуҷанду Хатлон, Панҷакенти бостону Ҳисори шодмон ва Истаравшан - сарзамини ҳунархези косибон тайёр карда мешуданд.

Ҳунарҳои мардумӣ аз бахшҳои гуногун иборат аст, ки як бахши асосии онҳо танҳо ба заҳмату меҳнати занон вобаста мебошад. Масалан, чакандўзӣ, сўзанидўзӣ, зардеворӣ, рўймолу сачоқ, кўрпадўзию гаҳворапўш, чойнакпўшу болишҳои гулдўзӣ, қолинбофӣ ва ғайра аз ҳамин қабил аст.

Дар баробари ин,  бахши дигари ҳунарҳои мардумӣ, заҳмат ва дасту бозуи мардонаро мехоҳад. Аз қабили чўбтарошӣ - аз чўб омода намудани табақу қошуқ, кафлесу нонросткун, кандакории дару болорҳо, омодасозии асбобҳои оҳанолот, аз қабили корду ошбур, белу каланд, табару теша ва ғайра.

Навъи дигари косибӣ,  ки таърихи қадим дорад, кулолгарист.

 Баъди ба даст овардани истиқлоли воқеӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат  ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардида, рў ба инкишоф ниҳоданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба ривоҷи ҳунармандӣ мусоидат кард.

Дар деҳот дигаргуниҳои азим дар самти  бунёдкориҳо ба вуқўъ пайвастанд. Аксар деҳаҳо симои худро дигар карданд.  Дар тамоми минтақаҳо ҳамбаста ба рушди сайёҳӣ ҳунарҳои миллӣ равнақ ёфтанд. Боиси хурсандист, ки имрўз дар аксарияти макотиб - муассисаҳои таҳсилоти асосиву умумӣ гўшаҳои махсусе таҳти унвони «Солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шудааст ва дар ин гўшаҳо маҳсули дастони худи хонандагону муаллимонашон гузошта шудаанд.

Ин чунин маъно дорад, ки меҳри суннатҳои волои ниёгонро дар қалби наврасон ҷо намуда, дар ин замина ифтихори миллӣ дар қалби насли нави замони соҳибистиқлолӣ - ворисони ояндаи ин сарзамини аҷдодӣ парварида мешавад.

 

Муниса Машидова,

омўзгори технологияи

мактаби №48-и ноҳияи Шоҳмансур

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш