Нашрияи Омӯзгор

Сарвати маънавии инсон

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 82        Шарҳ: 0

 

Сухан имконияти зиёд дорад. Аз он бояд ҳамагон огоҳ бошанду истифодаи оқилона баранд. Донистани забони ноби тоҷикӣ ва бо ин забони шево сухан гуфтан бештар барои омўзгорону шогирдони онҳо муҳим аст, зеро минбаъд дигарон аз онҳо меомўзанд.

Ҳамарўза  хонандагон аз омўзгорони гуногун  дарс мешунаванд, ба суханони онҳо гўш медиҳанд, аз онҳо меомўзанд. Ҳамаи омўзгорони соҳибмаълумот, маърифатоин,  мекўшанд, ки вазифаи асосии худ – дарс гузаштан бо шогирдонро шарафмандона, ҳар чи мукаммал ба сомон расонанд. Аммо байни онҳо хоҳ – нохоҳ тафовуте мушоҳида мешавад ва ин бештар аз ҳама дар сухандонию маҳорати суханварии  онҳо аён мегардад. Омўзгоре  дар баргузории машғулиятҳо муваффақ мешавад, ки сухандону хушгўй бошад, бамавриду рангину муассир сухан гуфта тавонад.

Хуб ҳарф задан, бо забони фасеҳ муошират кардан, саҳеҳ суол додан ва амсоли инҳо дар фаъолияти омўзгор аҳамияти муҳим дорад. Сухани омўзгор  барои шогирдон бояд фаҳмо ва қобили таваҷҷуҳ бошад. Барои ин омўзгор бояд мунтазам худомўзӣ намояд, захираи луғавиашро такмил бахшад. Шоҳбайту панду ҳикмату зарбулмасалҳо ва ҳикоёти мухтасари фаровон донистан ва аз онҳо бамавқеъ ва ҳадафмандона истифода кардан нутқи омўзгорро, баёни мавзўъҳоро дар дарс муассир мегардонад. Дар суханварӣ муҳим аст, ки аз лаҳни шеваю лаҳҷа ва вожаҳои ба истилоҳ «кўчагӣ» худдорӣ карда шавад. Вақте омўзгор худ олуда бо лаҳҷа сухан мегўяд, чӣ тавр аз шогирдон бо риояи меъёрҳои забони адабӣ сухан гуфтанро тақозо мекунад? Мутаассифона, иқрор бояд шуд, ки дар сухангўии иддае аз омўзгорон таъсири шеваю лаҳҷа зиёд ба мушоҳида мерасад.

Нутқи омўзгор, сухани ў таъсирбахштарин «аёният» барои шогирдон маҳсуб меёбад. Ончунон бояд сухан  гуфт, ки хонандагон мафтун шаванд, зебоию муассир ва рангинии забони модариро эҳсос намоянд, бикўшанд, ки дар суханварӣ пайрави устоди худ гарданд.

Барои он, ки шогирдон хушсухану ҳарфдон бошанд, устодро лозим аст, ки дар дили онҳо нисбат ба сухан муҳаббату эътиқоди самимӣ парвариш ёбад. Барои ин аз адабиёти классикӣ, китобҳои бадеӣ, воситаҳои ахбори омма, театр, вохўриҳо бо намояндагони илму адаб, аз мактаби адабии санъаткорони маъруф ва ғайра васеъ истифода бояд кард. Махсусан, истифода аз андарзу шоҳбайтҳо дар бузургдошту ситоиши сухан ва тавзеҳи онҳо басо самаровар хоҳад буд. Аз ин лиҳоз ин гуна байтҳоро инитихоб кардан мумкин аст:

Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд,

Шуниданрову гуфтанро нашояд.

Шарҳи ҳар яке аз ин ва ин гуна шоҳбайтҳо ва азбар кардани онҳо аз тарафи шогирдон худ неруи хеле тавоное  хоҳад буд дар  тарғиби муҳаббат ба сухану дар тавзеҳи моҳияти суханварӣ. Ҳар як омўзгор метавонад дар заминаи омўзиш пайваста ва корбасти усулҳои фаъоли таълим таълиму тадрисро дар сатҳе ташкил намояд, ки ҳам аз ҷиҳати мазмуну  мундариҷа ва ҳам аз лиҳози таъсирбахшии равонӣ тавассути сухан таъсиргузору муфид бошад. 

 

Назира ШИРИНОВА,

омўзгори забон ва адабиёти тоҷики

мактаби №3, шаҳри Ваҳдат

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш