Нашрияи Омӯзгор

Аз таърихи Соли нав

Сана: 2021-12-31        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Соли нав  яке аз қадимтарин идҳост,ки инсоният ҷашн мегирад. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри Қадим бостоншиносон шикастапораи кўзаеро пайдо намуданд, ки дар он “Ибтидои соли нав” сабт шуда буд. Дар Мисри Қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (тақрибан охирҳои моҳи сентябр). Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро ки танҳо он биёбонро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, занаш ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил дар он шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ мекарданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.

Римиёни қадим ҳанўз то милод ба ҳамдигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнўшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд.

Дар замони қадим Соли навро аксари вақт дар баҳор ҷашн мегирифтанд, зеро дар ин давра табиат аз нав зинда  мешуд. Дар Русия низ Соли навро 1 март таҷлил  менамуданд. Дар асри XIV калисои ҷомеъи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1 сентябр аз рўи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Ва танҳо дар соли 1699 Пётр I баъди аз Аврупо баргаштан бо фармони махсусаш солшумориро аз 1 январ сар кунонд ва ин рўзро рўзи ид хонд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш