Нашрияи Омӯзгор

Мучали соли паланг

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 70        Шарҳ: 0

 

Тибқи солномаи шарқӣ соли 2022 соли ПАЛАНГ аст. Он чӣ гуна ҳайвонест? Паланг  ҳайвони ваҳшии  басо чолоку чаққон, мағруру тавоно буда,   аксар вақт хашмгин ҳам менамояд. Паланг аз оилаи гурбашаклҳо буда, ҳайвони даранда аст. Мувофиқи тадқиқоти олимони зистшинос  дарозиаш якуним метр,  вазни миёнааш бештар аз 70 килограмм  аст. Пойҳояш нисбатан кўтоҳ буда, ҳар узви дигари баданаш басо бақувват аст. Паланг ҳамеша нишони қаҳрамонӣ, ҷасорат ва далерӣ, пойдориву ҳукмронӣ ба ҳисоб мерафт. Палангҳо аз ҷиҳати ранги баданашон гуногунанд: зардтоб, сиёҳ, малла ва ғайра. Онҳо ҳайвоноти дигари  аз худашон камқувватро шикор мекунанд. Палангҳо дар Африқо, Ҳиндустон, Саҳрои Кабир, Қафқоз, дар Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар Тоҷикистону Туркманистон ба чашм мерасанд.

Бояд гуфт, саршумори ин ҳайвони нодир сол то сол хеле кам шуда истодааст. Хусусан, солҳои 50 – 60 – уми асри гузашта  ба хотири аз пўсти он палто дўхтан  палангро бераҳмона қир карданд.Ба хотири аз байн нарафтанаш онро ба Китоби сурх ворид намудаанд.  Палангро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номҳои бабри барфӣ, паланги барфӣ, озодапаланг низ ёд мекунанд. Дар ноҳияҳои ВМКБ, Лахш ва Рашт, Сангвор ва Айнӣ онро ҳамчун шерпаланг, паланги холдор, паланги  танга – танга, паланги гулдор,  бабр ва ғайра меноманд.

Дар Соли нави 2022, ки соли паланг аст, ҳар кадоми мо бояд мисли паланг пурҳавсала ва чолоку зирак бошем. Сол барои пайванди риштаҳои гусаста дар муносибат ба атрофиён, таъмири хонаву манзил, барои кўчидан ба хонаи нав ва барои хонадоршавӣ соли некуст.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш