Нашрияи Омӯзгор

Хандаи солинавӣ

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 96        Шарҳ: 0

 

Марде мехоҳад вопасин рўзи соли навро барояш хотирмон бикунад. Бо ин мақсад аз самолёт бо парашют худро мепартояд. Уқобе дар фазо ба ў наздик шуда мегўяд:

-Салом, раққос!

-Ман раққос не, ман – парашютчӣ!

-Гўш кун, ошно! Дар поён замини хорзор, чун он ҷо фаромадӣ,  чунон мерақсӣ, ки…

***

Зани танҳое мехоҳад дар охирин рўзи сол дар тарабхона хўрок хурад. Пешхизмат пеши ў хўрок гузошта, пас аз чанд лаҳза саросема бармегардад.

-Хонуми азиз, илтимос, ҳамин хўрокатонро зуд хўред.

-Чаро?

-Нозирони сифати хўрок омада истодаанд!

***

Зан мехоҳад соли навро дар деҳа, дар хонаи модараш пешвоз гирад. Аз он ҷо пас аз се рўз ба шавҳараш, ба шаҳр барқия мефиристад: «Фаромўш накун, ки зан дорӣ».

Пас аз як рўз ҷавоби барқия мерасад: «Занак, маро бубахш, барқияат дер омад».

***

Марде дар соли нав ба ҷиянаш найчае ҳадя мекунад. Пас аз як ҳафта ҷиянаш бо ў вохўрда, арзи сипос мекунад: - Амакҷон, раҳмат барои ҳадяи гаронбаҳо!

-Чӣ хел гаронбаҳо?! Ман онро ҳамагӣ ба як сомонӣ харидам.

-Вале падару модарам, то ин ки барояшон най навозам, ҳар шаб ба ман се сомон медиҳанд.

***

Омўзгор:

-Шуҳрат, иншои хонагиат дар мавзуи «Орзуҳои солинавӣ» хеле хуб, вале чаро нотамом мондааст?

Шуҳрат:

-Чунки падарамро ногаҳон ба ҷои кораш даъват карданд.

***

-Дар соли нав шароб менўшӣ?

-Албатта, вале бо чашми пўшида.

-Чаро?

-Ба занам ваъда додам, ки сар аз соли нав аз шароб чашм мепўшам.

***

Субҳи соли нав мард аз хоб дер хеста, дар рўи миз навиштаеро мебинад:

-Мардакҷон, ман ба табрики модарам рафтам, рўзи дигар бармегардам.

Илова: хўрок дар яхдон, яхдон дар ошхона.

***

Дар соли нав Солеҳҷон моҳии тилло ба даст оварда хоҳиш кард:-Бигзор, ҳар рўз соли нав бошад.

 Соли дигар Солеҳҷон ба нафақа баромад.

***

Хушдоман ба домод:

-Дар соли нав ман ба назди тую духтарам омада наметавонам.

Домод:

-Ташаккур, модарҷон, барои чунин туҳфаи олиҷаноби солинавӣ!

***

-Азизакам, ба ту дар соли нав чӣ ҳадя кунам?

-Ой, чӣ хел нағз! Ман ҳатто намедонам, чӣ ҷавоб диҳам.

-Ин тавр бошад, то соли нави дигар фикр кун.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш