Нашрияи Омӯзгор

Соли навро  дар куҷо, чӣ гуна пешвоз мегиранд?

Сана: 2021-12-31        Дида шуд: 58        Шарҳ: 0

 

Анъанаи гузоштан ва оро додани арчаҳои солинавӣ дар давлатҳои Россия ва дигар кишварҳои Аврупо 150 сол қабл пайдо шудааст. Ин корро танҳо сарватмандону дороён дар қасрҳои боҳашамати худ қудрати амалӣ кардан доштанд.

***

Маълум, ки Африқо қитъаи гармтарин дар кураи замин мебошад. Дар ин минтақаи гарм дарахтони сўзанбарг аз қабили дарахти арча намерўяд. Ба хотири ҷашн гирифтани Соли нав бо тамоми шукўҳу шаҳомати ба худ хос африқоиён ба ҷойи арча дарахтони палмаро зебу зиннат медиҳанд.

***

Дар Австралия бошад, дар шаби Соли нав ба соҳилҳои баҳру дарёҳо баромада, хайма мекўбанд, гулхан меафрўзанду сурудхониву оббозӣ мекунанд.

***

Сокинони давлати Ветнам дар Соли нав ба соҳилҳои ҷўйю дарёчаҳо баромада, дар он моҳиҳои зиндаи капуриро сар медиҳанд, ки ин амали онҳо рамзи хушбахтиву муваффақиятҳо дар Соли нав мебошад.

***

Дар  Фаронса сокинони он дар Соли нав самбўсаи шоҳона омода менамоянд. Ҳангоми омода намудани хўроки шоҳона соҳибхоназанон  дохили хўрок ҳайкалчаҳои хурди шоҳӣ ва дар баъзе хонаводаҳо болои хўриш ва ё рўйи миз тоҷи шоҳиро мегузоранд.

***

Дар  Испанияю Куба анъанае ҳаст, ки сокинони он бояд  дар Соли нави мелодӣ 12 дона ангур бихўранд. Чаро маҳз ангур? Шаби Соли нав  ба хотири 12 моҳи сипаришудаву соли омадаистода зангўлаҳо 12 маротиба садо медиҳанд, ки ҳангоми ҳар як садои баровардашуда онҳо як дона ангурро истеъмол менамоянд, ба умеде, ки дар соли нав аз боғҳои ангури худ ҳосили хуб рўёнанд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш