Нашрияи Омӯзгор

Дар соли паланг таваллуд ёфтаанд

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 129        Шарҳ: 0

 

Иосиф Сталин, Юрий Андропов, Сергей Лавров, Натали (сарояндаи рус), Игор Акинфеев (футболбози маъруф), Борис Пастернак, Александр Грибоедов, Килиан Мбаппе, Оскар Уайлд, Фидел Кастро, Агата Кристи, Карл Маркс, Гербетт Уэллс, Людвиг ван Бетховен, Шарл де Гол, Марко Поло, Фридрих Гегел, Николо Паганини, Хо Ши Мин, Иван Грозний, Кофи Аннан.

Муносибати мучалҳо

Касоне, ки дар соли паланг таваллуд шудаанд, бо онҳое, ки дар соли паланг, мор ва асп ба дунё омаданд, оилаи хубу устувор барпо карда метавонанд. Ҳамчунин, «паланг»-ҳо бо ашхоси мучалашон муш, гов, харгўш, гўсфанд ва саг метавонанд муносибати хуб дошта бошанд. Бо афроди марбут ба мучали маймун, мурғ ва гўсфанд шахсони дар соли паланг ба дунё омада дар муносибат ба душвориҳо мувоҷеҳ хоҳанд гашт.

«Паланг»-ҳо ҷасуранд

Онҳое, ки дар мучали паланг ба дунё омадаанд, далеру ҷасур, нотарсанд, хусусиёти аҷибу ҷолиб доранд, мағлубиятро намеписанданд, бештар гирифтори ғуруранд. Мустақилона амал карданро дўст медоранд ва ба донистани андешаи дигарон мароқ зоҳир намекунанд. Қобилияти қаҳрамонона, бо қатъият рафтор карданро доранд. Ба дигарон таассуроти амиқ гузоштанро меписанданд. Бахшидани хатои дигарон ба «паланг»-ҳо хос нест. Ҳар  кореро то ба охир  мерасонанд, бо душвории зиёд бошад ҳам.

Ҳодисаҳои сол

Дар Тоҷикистон ҷараёни рушди босуръати саноат ба марҳилаи тоза ворид мегардад ва амалисозии тадбирҳо вобаста ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) оғоз меёбанд.

***

Аҳолии Ҳиндустон аз ҳадди 1,41 млрд убур мекунад ва беш аз Хитой (1,40 млрд) мешавад. Аз лиҳози суръати рушди иқтисодӣ ин кишвар ба мақоми аввал дар ҷаҳон мебарояд. Коршиносон бар он назаранд, ки Ҳиндустон то соли 2040 аз ҷиҳати иқтисодӣ бо ИМА ва Хитой баробар мешавад.

***

Дар шаҳри Лондон хати нави роҳи оҳан, ки сохтмонаш қариб ним аср идома ёфт, ба фаъолият оғоз мекунад. Дарозии он 118 км буда, тамоми маҳалҳои шаҳрро мепайвандад. Дар як вақт тавассути ин роҳи оҳан 9 поезд (дарозии ҳар  яке 200 м) ҳаракат карда,  ба 13500 нафар хизмат мекунад.

***

Олмон аз тамоми истгоҳҳои атомиаш (9-то) даст мекашад. Барои  ин олмониҳо даҳ сол боз омодагӣ мегирифтанд. Барқи  атомӣ 25 дарсади талаботи аҳолии кишварро қонеъ мекард. Акнун дар Олмон ба барқи обию офтобӣ ва ангиштӣ бартарӣ дода мешавад.

***

Аз 4 то 20 феврал дар Пекин (Хитой) олимпиадаи зимистонаи ҷаҳон баргузор мешавад. Пас аз ин Хитой нахустин кишвар дар сайёра мешавад, ки дар он ҳам олимпиадаи тобистона ва ҳам зимистона баргузор шуда.

***

Дар Амрико қатораҳои  баландҳаракат (299 км дар як соат) ба фаъолият меоғозанд. Вобаста ба ин, масалан, роҳ байни шаҳри Манхеттен ва Вашингтон ҳамагӣ дар 90 дақиқа тай мешавад. Тавассути мошин дар ин роҳ 5-6 соат вақт сарф  кардан лозим меояд.

***

Дар Қатар (давлат дар Шарқи Наздик, ки ҳамагӣ 1,7 млн аҳолӣ дорад) чемпионати ҷаҳон оид ба футбол баргузор мешавад. Одатан ин мусобиқаи бонуфуз дар фасли тобистон  ҷараён меёфт. Аммо дар Қатар он дар вақти дигар - аз 21 ноябр то 18 декабр сурат хоҳад гирифт (сабаб гармии зиёд дар ин кишвар аст (то 50 дараҷа).

***

Соли 2022 талабот ба оби ошомиданӣ хеле меафзояд. Кишварҳои ҷаҳон барои дастрасӣ ба об дар мамолики Осиёву Африқо талош меварзанд.

***

Соли 2022 хатари комилан ба итмом расидани захираҳои табиии сурма (нимметалли сафеди нуқрагун) ба миён меояд, ки ба ин фаъолияти бавусъати инсонҳо сабаб мешавад. Олимон то ҳол ҷойгири ин металлро наёфтаанд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш