Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба машғулиятҳои амалӣ

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Маҳмадшоҳ Гулзода дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маълумот дод.

Ҳоло дар донишгоҳ раванди таълим аз рӯйи панҷ стандарти ихтисоси таҳсилоти олии касбии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқкунонидашуда ва панҷ нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Таҳсил дар донишгоҳ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи ихтисосҳои ҷойдошта 5 факулта ва 63 кафедра мавҷуд аст, ки таҳсил дар асоси нақша  ва барномаҳои таълимӣ дар ин кафедраҳо ба роҳ монда шудааст. Дар кафедраҳои донишгоҳ таҷҳизоти муосири  раванди таълимӣ дастрас буда, кафедраҳо дорои озмоишгоҳҳои таълимиву илмӣ ва кабинетҳои фаннӣ мебошанд. Дар кафедраҳои клиникие, ки дар 30 пойгоҳи муассисаҳои табобатии шаҳриву ҷумҳуриявӣ  ҷойгиранд, барои баргузор намудани дарсҳои амалӣ шароити мусоид  фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳро имсол 1387 нафар, аз ҷумла, 59 нафар бо дипломи аъло, 107 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 76 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 7 мамлакати хориҷӣ хатм намуданд. Ҳамзамон, 27 нафар, аз ҷумла,  22 нафари донишҷӯёни  курси 4 – 5 – и факултаи тиббии донишгоҳ аз рӯйи барномаи мубодилаи академӣ дар ДДТ Қарағанда, ду нафар дар Академияи давлатии тиббии Ижевски ФР, як нафар дар Донишгоҳи тиббию  илмии Литва, ду нафар дар Донишгоҳи давлатии тиббии Доғистон таҳсил карданд.

Айни замон бештар аз ҳазор нафар аз 13 кишвари хориҷӣ (бештар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон)  дар донишгоҳ таҳсил мекунанд. Қайд гардид, ки миёни ДДТ Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи тиббии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино созишномаҳои  ҳамкорӣ ба имзо расид. Имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тиббии Самарқанд дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.    

 Ҳотами Ҳомид,

 «Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш