Нашрияи Омӯзгор

Таълимоти бунёдии Дарвин

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 109        Шарҳ: 0

 

Ҳангоми таълимии мавзуъҳои дарсӣ аз фанни биологияи умумӣ дар синфи 11, бо истифода аз васоити аёнӣ, аз ҷумла, мавҷудоти зиндаи табиат (парандаҳо) метавон самарабахшии машғулиятро дар сатҳи баланд таъмин намуд.

Таври мисол, зимни гузаронидани машғулият дар мавзуи «Назарияи эволютсионии Чарлз Дарвин» ба таври аёнӣ истифода кардани кабутарону мурғони хонагӣ муфиду таъсирбахш буда, тавзеҳи мавзуъро равшану дақиқ месозад. Нахуст ба хонандагон тавзеҳ медиҳам, ки Чарлз Дарвин соли 1859 асари бунёдии худ –«Пайдоиши намудҳо бо роҳи интихоби табиӣ ё нигоҳдории фардҳои мутобиқшуда дар мубориза барои ҳаёт»-ро таълиф намуд, ки инқилоб ё гардиши илмие дар  масъалаи омўзиши эволютсия ё сабабҳои тағйирпазириии организмҳо ба шумор мерафт. Асари мазкур маҳсули заҳмати 20-солаи олими ҷаҳонӣ буда, маводу бардоштҳои ўро аз сайру саёҳат ба Англия ва таҷрибаю мушоҳидаҳои илмию амалияшро дар бар мегирифт. Ҷавҳари таълимоти Ч.Дарвинро табдилёбии як  намуд ба намуди дигар дар байни организмҳои зинда ташкил медиҳад. Бино ба таҷрибаву мушоҳидаҳои олими соҳибирода, ҳеҷ як организми  зинда (ё ғайризинда) ногаҳонӣ дар  табиат ба вуҷуд наомадааст. Ба ақидаи Ч.Дарвин, ҳамаи зотҳои мурғ аз мурғҳои ёбоии  бианкавӣ пайдо шудаанд. Ҳамин тавр, мурғобиҳои хонагӣ аз як намуди ёбоии мурғобӣ, зотҳои харгўшҳо аз зоти ёбоии харгўши аврупоӣ ба вуҷуд омадаанд. Авлоди гузаштаи гов ду намуди тури ёбоӣ ва авлоди саг гург ё шағол аст. Дарвин ин ақидаи худро ба он асоснок менамуд, ки ҳамаи зотҳои кабўтарони хонагӣ ба кабўтари ёбоии кўҳӣ монандӣ доранд, кабўтарони хонагӣ шабеҳи кабўтарони ёбоии кўҳӣ лонаи худро дар роғи харсангҳо, девор ва бомгўшаҳо мегузоранд, як ҷуфт тухм ҳам мегузоранд, парҳои сина, рафтор ва рахи сиёҳи болашон низ монанд аст. Аз ҳама муҳимаш онҳо ҷуфт  шуда, қобилияти насл овардан доранд. Дар байни организмҳои ғайризинда низ чунин раванди эволютсионӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан, аз як намуди карами ёбоӣ каллакарам, гулкарам, каҳкарам ба вуҷуд оварда шудаанд. Дарвин барои корҳои илмии худ таҷрибаи фермерҳои англисро меомўзад. Назарияи Чарлз Дарвин аҳамияти бузургӣ илмӣ – амалӣ дошта, баҳри рўёнидани навъҳои нави рустаниҳо ва зироатҳои ғалладонагӣ мусоидат мекард. Таври мисол, агар мақсад баланд бардоштани ҳосили гандум мебуд, пас, селексионер аз байни рустаниҳои бисёр чанд гандумеро  интихоб мекард, ки хўшаи калонтар доштанд. Соли оянда дони ҳамин хўшаҳоро корида аз байни онҳо боз ҳамон гандумҳои хўшакалонро интихоб карда, мегирифтанд. Ин амал якчанд сол давом мекард ва оқибат навъи гандуми хўшакалон пайдо мешуд. Дар асоси ҳамаи таҷрибаҳои рўёнидани навъҳои нави рустанӣ ва зоти ҳайвонот тағйирпазирии аломатҳо ва интихоби аломати барои инсон устувор пайдо менамуд. Барои интихоб фақат тағйирпазириии фардӣ ва номуайянӣ (мутатсионӣ) аҳамият дорад. Дарвин дар таҷрибаҳои илмии худ ду шакли интихоби сунъиро фарқ мекард: мақсаднок (методӣ) ва бемақсад. Дар маҷмуъ, хизмати бузурги Чарлз Дарвин дар он аст, ки ў қувваи пешбарандаи эволютсияи олами органикӣ, механизм ва сабабҳои эволютсияро аз нуқтаи назари илмӣ дуруст нишон дод.

Таълимоти Дарвин дар бораи инкишофи табиати зинда асоси илмӣ дорад. Зеро маҳз ҳамин таълимот сабабҳои пайдошавии мақсадноки сохти организмҳои зинда ва пайдоиши сершакли намудҳоро дуруст фаҳмонида тавонист.

Шарофат Шарипова,

омўзгори коллеҷи омўзгории шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш