Нашрияи Омӯзгор

Дастури масъулиятафзо

Сана: 2021-12-31        Дида шуд: 102        Шарҳ: 0

Имрўз ба дўши аҳли ҷомеаи мо масъулияти калоне вогузор шудааст. Имрўзиён бояд заминаи рушди фардоро муҳайё кунанд. Дар ин корҳои бузурги созанда нақши аҳли зиё, хусусан, омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил ниҳоят назаррас аст. Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маорифи тоҷик рушд кард, дар таълими фанҳо усулҳои нав роҳандозӣ шуд, таҷрибаи мактабҳои пешрафтаи давлатҳои Осиё ва Аврупо эҷодкорона дар фаъолияти омўзгорон ҷорӣ карда шуд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон «3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шуд. Ва шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст». Ин шумораи ифтихорангез мо - омўзгоронро водор мекунад, ки дар паи такмил додани маҳорати омўзгории хеш ва пухтатар кардани сатҳи дониши худ бошем, зеро худ наомўхта омўзондани дигарон номумкин аст. Моро омўзиши пайваста ва табодули таҷриба мебояд. Он гуна ки шоире фармудааст:

Агар дониши ту ба гардун расад,

Зи донои дигар шунидан сазад.

Ба андешаи ин ҷониб, дар заминаи нуктаҳои дар Паём таъкидшуда мебояд, ки мо, пеш аз ҳама, забони модарии худро, ки дар як вақт забони давлатӣ ҳам ҳаст, хубтар биомўзем. Захираи луғавии худро пурратар кунем ва дар ҳама ҷо бо забони адабӣ сухан гўем. Омўзгорон, новобаста ба ихтисос бояд китобхону китобдўст ва рўзномахон бошанд. Робитаи мо бо матбуоти даврӣ ва радиову телевизионҳои давлатӣ бояд мустаҳкам ва мувофиқи нақша бошад. Иртиботи мақсаднок бо волидайн ва аҳли ҷомеа ҳам як шарти комёб шудани мактаби имрўз хоҳад буд. Агар бори гарони таълиму тарбия вобаста ба имкон дар байни омўзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа тақсим карда шавад, мо зудтар комёб хоҳем шуд. Дар ин роҳи пуршараф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамо ва ҳомии мо аст. Заминаи фардо имрўз гузошта мешавад ва аз ҳар як имкони мусоид истифода бурдан гарави пирўзии мо хоҳад буд.

Раҷабгул Маҳмудова,

омўзгори МТМУ  №77-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш