Дар замони муосир омўзиши забонҳои хориҷӣ дар рушди ҷаҳонбинӣ ва тафаккури зеҳнии хонандагони муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим дорад. Ин масъала дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардида, Сарвари давлат омўзиши забонҳои хориҷиро дар таълимгоҳҳо омили асосии тараққиёту пешрафти ҷомеа ҳисобиданд.
Имрўз мо - омўзгорони забони англисиро зарур аст, ки машғулиятҳои таълимии худро дар сатҳи баланд, бо истифода аз васоити аёнӣ ва технологияи навин ва роҳандозии усулҳои ҷолибу судманди методӣ баргузор намоем. Истифодаи дидактикаи муосири таълим, корҳои гурўҳӣ, пешниҳоди саволу супоришҳои тестӣ, навиштани эссе (иншои хурд), кор бо расмҳо, нақли хаттию шифоҳӣ дар хусуси филмҳои хурд (дар навор) ва бозиҳои гуногуни таълимӣ, бешубҳа, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон аз забони англисӣ мусоидат мекунад. Омили дигаре, ки ба омўзиши забони англисӣ мусоидат мекунад, тибқи нақшаи иттиҳодияи фаннии методӣ, баргузор намудани маҳфил аз ин фан ба шумор меравад. Маҳфили забони англисӣ бояд шавқовар, рангин ва бо истифода аз маводи адабиёту сарчашмаҳои илмӣ-методӣ дар сатҳи баланд гузаронида шавад. Дар раванди машғулиятҳо, ҷиҳати зудтару беҳтар аз худ кардани забони мазкур аз тарафи хонандагон, аз луғатҳои англисӣ-русӣ ва англисӣ-тоҷикӣ бояд истифода кард. Ҳамчунин, гузаронидани саҳнаҳои намоишии хурд-хурд, ки дар онҳо хонандагон дар ҳар гурўҳ дунафарӣ иштирок мекунанду муоширату такаллумашон тавассути муколама (диалог) сурат мегирад, аз аҳамият холӣ намебошад. Роҳи дигари омўзонидани нозукиҳои сарфию наҳвии ин забон, ташкил ва баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ, аз ҷумла, ҳафтаи фаннӣ мебошад. Муҳтавои ҳафтаи фаннӣ низ гуногун буда, он аз иншо, таҳия намудани гузориши ахбори рўз, лавҳаҳои хурд, мақолаю эссе, қироати шеърҳо дар васфи ватан, модар, манзараҳои дилангези табиати кишвар ва ғайра иборат бояд бошад. Ҳамчунин, баровардани рўзномаи деворӣ бо номи “Английское слово” (ё ба ҳамин монанд) низ ҷолиб буда, хуб мебуд дар он намунаи корҳои эҷодии хонандагони пешқадам ҷой дода шавад. Баҳри ҳавасмандгардонии шогирдон сурати онҳо дар зери навиштаашон гузошта мешавад. Баргузор намудани озмуни “Китобхони беҳтарин” дар мактаб аз ҷониби омўзгори забони англисӣ ба мақсад мувофиқ буда, дар он барои мутолиа асарҳои адабиёти ҷаҳонӣ вобаста ба синну соли шогирдон бояд пешниҳод карда шавад. Дар дарсҳои забони англисӣ ба тарзи талаффузи овозҳо дар калимаҳо диққати бештар бояд дода шавад. Бо ин мақсад гузаронидани корҳои мустақилона, аз қабили посух додан ба саволу супоришҳои тестӣ ва нақл дар бораи табиат ё тавассути ҳамсинфон аз ҷониби хонандагон муассиру судманд мебошад. Омўзгор ба тарзи навиштани хонандагон ва ҳусни хатти онҳо низ бояд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намояд. Дар маҷмуъ, саъю кўшиш бояд кард, ки шогирдон донандаи хуби забонҳои хориҷӣ гардида, ба нафъи ватану миллат хидмати содиқона анҷом бояд диҳанд.
Ҳусния Беқаророва,
омўзгори МТМУ №73-и ноҳияи Рўдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр