Нашрияи Омӯзгор

Ҳамсоли истиқлол

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 121        Шарҳ: 0

 

«Маорифи Тоҷикистон» чун нашрияи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамсоли Истиқлоли кишвар буда, шумораи нахустини он бо номи “Адаб” моҳи июли соли 1991, ду моҳ пештар аз қабули Эъломияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи талоши  рўшанфикрони тоҷики солҳои 80-90-уми қарни ХХ дар шароити соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон, дар замоне ки бедории миллӣ дар кишвар барои ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан таъсир гузошт, таъсис ёфт.

Баъди қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатӣ” зарурати таҷдиди назар намудан ба омўзиши забони тоҷикӣ ба амал омад ва соли 1990 ҳайати мушовараи Вазорати маориф таъсиси маҷаллаи “Адаб”-ро пазируфт. Маҷалла пешниҳоди муҳимтарин мавзуъҳоеро ба мисли тарғиби Истиқлол ва паҳлуҳои он, соҳибихтиёрии давлат, ваҳдату ҳамдилии мардум, инъикоси дастовардҳои соҳа, ёрӣ ба омўзгорон, баррасии масоили муҳимтарини масоили педагогиву психологӣ, роҳу усулҳои таълим, такмили ихтисос, баланд бардоштани фарҳанги хештаншиносӣ, саҳм гузоштан дар беҳтар намудани мазмуни барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ, инъикоси чеҳраҳои шахсиятҳои варзидаи илму адаб, санаҳои муҳимми таърихиро дар саҳифаҳои худ ҷо медод. Агар он соли аввали нашр ба теъдоди 3500 нусха чоп шуда бошад, соли 1992 теъдод ба 6000 нусха расид. Сармуҳаррири аввалини маҷалла Шамсуллоҳ Исломов буд. Баъди чанд соли фаъолият роҳбарӣ ба дўши Шодӣ Шокирзода вогузор гардид.

Тадриҷан мушкилоти маълуми замон таъсири худро ба фаъолияти нашрияҳо ҳам расонид ва дар раванди чопи маҷалла ва паҳн шудани он монеаҳо ба миён омаданд. Аммо бояд таъкид кард, ки бо вуҷуди ҳама гуна мушкилӣ, маҷалла аз фаъолият бознамонд. Аз соли 2000 баробари дигаргуниҳои мусбат маҷалла ҳам рў ба пешрафт овард. Якум, ҳаҷми он, ки хеле хурд буд (А-4), калонтар шуд (А-3), теъдоди саҳифаҳои маҷалла аз 48,54,60 ба 64 расид, ки ин омилҳо имконият фароҳам оварданд, ки ҳам сарфаи коғаз ба назар гирифта шавад ва ҳам барои омўзгорон маводи бештар пешниҳод гардад. Маҷалла имконияти хуби ороиши техникиро ҳам пайдо кард ва ҳар шумора бо пешниҳоди аксҳои адибону омўзгорон ва манзараҳои зебои кишвар шакл дигар мекард. Ҳамчунин, чопи акси муаллифон бо мақолаҳояшон низ роҳандозӣ гашт, ки ин амал барои муаррифии чеҳраҳои соҳа ва қадршиносии онҳо кори хубест. Барои кормандони эҷодӣ беҳтарин имконият шароити корӣ аст, ки ин мушкил бо кумаку дастгирии Вазорати маориф ҳал шуд.

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки маҷалла аз ибтидо ба он таваҷҷуҳ зоҳир кард, инъикоси дастовардҳои нави соҳа ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилот дар он аз ҷониби муаллифони гуногун мебошад.

Самти дигар ёрӣ ба омўзгорон аст, ки дар 15 соли охир доираи васеътар гирифт. Маҷалла бо пешниҳоди мақолаҳои методӣ то даҳсолаи пешин минбари хуби ёрии методӣ ба омўзгорон ва то андозае омили баланд бардоштани такмили ихтисоси онҳо бо роҳи худомўзӣ гашт.

Татбиқи қонунҳо, иҷрои барномаву дастур ва фармоишҳо аз муҳимтарин паҳлуи кори омўзгорон аст, ки маҷалла дар ин ҷабҳа ҳам нақши муассир дорад. 

Соли 2006 маҷалла тағйири ном кард ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм “Маорифи Тоҷикистон” номгузорӣ шуд. Бояд зикр кард, ки маҷалла аз оғози таъсисёбӣ то замони ивази ном асосан мақолаҳоеро ба табъ мерасонид, ки мазмуни онҳо барои худшиносии ҷомеа, рушди тафаккури хонандагон, дастгирии омўзгорони забон ва адабиёти тоҷик нигаронида шуда буд. Аз соли 2004 теъдоди мақолаҳои таълимӣ, методӣ ва таҳлилӣ дар саҳифаҳои маҷалла бештар мавқеъ пайдо кард. Соли 2005, замоне ки маориф ҷиддан рў ба ислоҳот овард, маҷалла озмуне эълон кард бо номи “Мактаби миллӣ: маориф, мушкилот ва дурнамо”. Дар озмун теъдоди зиёди муаллифон мақола пешниҳод карданд ва аз ҷумлаи беҳтарин навиштаҳо ба табъ расидаву қадрдонӣ гаштанд. Шуруъ аз соли 2006 теъдоди алоқамандон ба маҷалла аз ҳисоби омўзгорону донишмандон рў ба афзоиш овард. Тавре аз номаш маълум аст, маҷалла асосан сиёсати давлатро дар соҳаи маориф ва илм инъикос мекунад, аз дастовардҳои соҳа хабар медиҳад ва барои пешрафти соҳа дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва талаботи мавҷуда масъалагузорӣ мекунад.

Аз аввали соли 2020 маҷалла ороиши тамоман наву пурмазмунеро бо кумаки барномасозон гирифт. Акнун муқоваи маҷалла ранги кабуди осмонӣ дошта, дар болои он акси Парчами кишвар дар гўшаи рост, зери он ном дар чорчўба ва дар паҳлуяш рамзи маҷалла ҷо дода шудаанд. Рамзи маҷалла бо ифодаи ном дар атроф, Парчам, китобу қалам ва сайёра ифода ёфтааст. Дар зери ном омадааст: “Маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимиву методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, каме поёнтар, дар байн шиори маҷалла (байти номбурда), дар поёни он акси китоби кушода, дар саҳифаи якуми он нишонаҳои таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (харита, қаҳрамон, асп, соат, тақвим), дар саҳифаи дуюми китоби кушода фигураҳои геометрӣ, аксҳои марбут ба фанҳои физикаву химия, риёзӣ ва табиатшиносӣ тасвир ёфтаанд. Дар охири муқова нишонии маҷалла омадааст.

Мусаллам аст, ки дар замони имрўз қонеъ гардондани хонандагон танҳо бо маҷаллаву рўзномаҳо кофӣ нест. Беҳтарин имконият ташкили мукотиба бо алоқамандон тавассути интернет метавонад сурат гирад. Маҷалла ин ҷиҳатро ба назар гирифта, муштариёни худро ба таври фосилавӣ ҳам ҷалб менамояд.

Чунончи, соли 2019 сомонаи маҷалла, (www.mtojikiston.tj) ба фаъолият оғоз карда, мақолаҳои нашргардида ва инчунин, нусхаҳои электронии маҷалла дар саҳифаи интернетии он ҷой дода шуданд. Саҳифа ва гурўҳи ҳамноми маҷалла дар шабакаи Фейсбук имрўз минбари баҳсу дастгирии омўзгорону алоқамандони соҳа гашта, дар муддати ду сол алоқамандони он ба 26 000 расидааст, ки ин дар миёни гурўҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пешравии хубест.

Масъалаҳое, ки дар саҳифаҳои маҷалла ва сомонаи интернетии он пайгирӣ мешаванд, дар самти таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таҳлили дастовардҳо дар самти чопи китобҳои дарсӣ, паҳлуҳои методӣ, такмили ихтисос, тадқиқотҳои педагогиву психологӣ, инъикоси дастовардҳои муассисаҳои таълимии кишвар ва зерсохторҳо,  муаррифиии дастовардҳо ба хотири инъикоси сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар буда, бори дигар хонандаро ба дарки ин маънӣ ва рў овардан ба таҳсилот водор менамоянд. Ҳамчунин, робита бо алоқамандон қавитар гашта, ба мусоҳибаҳои кўтоҳи судманд, баҳсҳо, пурсишу посух, муаррифии фаъолияти омўзгорон ва дигар кормандони маҷалла мекўшанд маҷалларо сазовори номаш гардонанд. Бояд гуфт, ки кормандони маҷалла шикояти аъзои гурўҳ ва ҳалли мушкилоти онҳоро пайгирӣ карда, ба муассисаҳое, ки шикоят аз онҳост, мераванд, тариқи почтаи электронӣ, мессенҷер ва телефон бо роҳбарону омўзгорон, хонандагон ва алоқамандони дигар ҳамсуҳбат мешаванд.

Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», ки 30-сола мешавад, озмунеро барои дарёфти муаллифони беҳтарин бо номи Ҷоизаи “Маориф ва Истиқлол” эълон кардааст, ки дар арафаи анҷомёбист.

Айни ҳол донишмандону мутахассисон, аз ҷумла, Шамсуллоҳ Исломов (номзади илмҳои педагогӣ), Сайдамир Аминов (узви вобастаи АТТ), Абдураҳмон Қурбонов (доктори илми фалсафа), Абдурауф Муродӣ (адиб), Номвар Қурбонов (номзади илми техникӣ), Лутфия Раҳмонова (мусаҳҳеҳ), инчунин, мутахассисони ҷавону кордон Санҷар Амриев, Нурулло ғафуриён, Шаҳнозаи Мирзо, Мавзуна Забирова ва адиби шинохта Шодӣ Раҷабзод  бо фаъолияти худ маҷалларо бештар рангину хонданбоб мегардонанд.

Ба ин тариқа, нашрияи “Маорифи Тоҷикистон” дар инъикоси дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ бо чопи маводи гуногуни таҳлилӣ дар робита бо масоили сиёсӣ; иҷтимоӣ; фарҳангӣ; иқтисодӣ; варзишӣ нақши хосаи худро гузошта тавонист. Тавре шарҳ додем, дар ин муддат кормандони маҷалла бо эҷоду пешрафти худ дар фаъолияти маҷалла тавонистанд дастовардҳои тозаро соҳиб шаванд, сиёсати маорифпарваронаи давлат ва роҳбарияти онро инъикос намоянд, маҷалларо ҳам бевосита ва ҳам дар фазои маҷозӣ минбари писандидаи алоқамандон гардонанд. Албатта, дастовардҳои маҷалла ва кормандони он бештар бошанд ҳам, мо баҳои асосиро аз алоқамандони маҷалла интизор мешавем.

Муҳим ин ки, муҳтавои маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» дархўри фаъолияти тамоми муассисаҳои соҳаи илму маориф ва онҳое бошад, ки дар роҳбарӣ, касбият, усули кор дар таълим, тарбия, рушди истеъдод, такмили ихтисос, таҳсилоти иловагӣ, назорати дохилимактабӣ, робита бо оила ва ҷомеа, иттиҳодияҳои методӣ ва даҳҳо паҳлуҳои дигари илму маориф ба маслиҳат ниёз доранд, таҷрибаи худро муаррифӣ кардан мехоҳанд ва ҳадафашон як аст: шинохтани мақоми маориф чун омили амнияти миллӣ.

30-солагии аввалин нашрияи даврони Истиқлол ва ҳамсоли он, нашрияе, ки муассиси он Вазорати маориф ва илм аст, ба ҳамаи алоқамандони соҳаи маориф фархунда бод!

Саида НАБИЗОДА,

 сармуҳаррири

маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”

 

Кормандони ҳафтаномаи «Омўзгор» аҳли қалами маҷаллаи маъруфи «Маорифи Тоҷикистон»-ро ба ифтихори 30-юмин солгарди фаъолияти нашрия табрику таҳният мегўянд ва таманнои онро доранд, ки маҷалла ҳамеша чунин муҳтавоманду ҷолибу зебову хонданӣ бимонад ва барои рушду такомули соҳаи маорифи Тоҷикистони азиз ҳиссагузор бошад.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш