Нашрияи Омӯзгор

Бадхоҳон нотавонбинанд

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 90        Шарҳ: 0

 

Вазъи имрўзаи кишвари ҳамсояро дида, қимати соҳибистиқлолии Ватан, арзиши сулҳу оромӣ дар кишвар бароямон даҳчанд афзун мегардад. Дастовардҳое, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, заҳмати мардуми меҳнатдўсту созандаи мо дар ин солҳо ба даст овардааст, воқеан ҳам, бузургу фараҳбахшанд. Аммо боиси афсўс аст, ки баъзе нотавонбинон, душманони миллат, думравони ҳизби террористии наҳзати исломӣ, ки мақомоти қонунгузории кишвар барои амалиёти ғайриқонунӣ фаъолияти онро дар Тоҷикистон қатъ намудааст, дар хориҷи кишвар бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ ин пешравию тараққиёти сисолаи кишварамонро нодида мегиранд ва бо ҳар гуна туҳмат ва буҳтон зидди давлату миллати соҳибистиқлоламон сангандозӣ мекунанд ва аз нафароне, ки бо роҳҳои гуногун мехоҳанд роҳбарияти кишварро бадном созанд, пуштибонӣ мекунанд.

Имрўз дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи яке аз бадбинони миллату давлати тоҷик Иззат Амон чарх мезанад ва ҳаммаслаконаш, яъне наҳзатиҳо ҳатто мехоҳанд, ўро «қаҳрамони миллат» эълон намоянд, ба хотири он ки ў гуё дар Россия ҳамчун яке аз роҳбарони «Гурўҳи-24» аз ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳимоят мекардааст, аммо чуноне аз гуфтаҳои шоҳидон дар мурофиаи судӣ маълум гардид, ў бо роҳи қаллобӣ аз муҳоҷирон маблағ гирифта, онҳоро фиреб додааст. Ў берун аз Ватан мардумро ба ошўбу дигар омоли хоинонаи зидди давлат даъват мекард.

Маълум, ки коргардони ҳамаи бадкориҳои зидди давлату роҳбарияти давлати тоҷикон дар хориҷи кишвар роҳбари ҳизби дар ҷаҳон мамнуъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ аст. Онҳо чун солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  мехоҳанд Тоҷикистонро ноором созанд ва ба қавле «обро лой карда, моҳӣ доранд», аммо ин нияташон имрўз иҷронашаванда аст.  

Тоҷикистон имрўз аз лиҳози амниятию иқтисодӣ соҳибқудрат буда, мардуми мо ҳам акнун дўстро аз душман фарқ мекунанд ва нияти бади ин заҳҳоксифатон амалӣ нахоҳад гашт.

М. ЗАМИРОВА,

омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи

умуми  рақами 4-и шаҳри Хоруғ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш