Нашрияи Омӯзгор

Ҳадаф: таъмини сифати таҳсилот

Сана: 2021-12-31        Дида шуд: 127        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани дониш, малака ва маҳорати омўзгорону таълимгирандагон, инчунин, ба хотири омўхтани омилҳои дар ҳолати паст қарор доштани сифати таҳсилот бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2020, №2540 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи сифати таҳсилот таъсис дода шудааст, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар самти таълим ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Омили асосии омода намудани мутахассисони баландихтиссос, қабл аз ҳама, баланд будани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Баҳодиҳии сифати таҳсилот аз масъалаҳои асосии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рў, хусусиятҳои умумии тақйирёбӣ  дар низоми маориф, ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ, ба таъмини сифати таҳсилот, мукаммалгардонии низоми баҳодиҳии сифат ва мутобиқати онҳо ба талаботи ҷомеа нигаронида шудаанд.

Сифати таҳсилот қобилияти амалӣ намудани хизматрасониҳои таълим ва маърифаткунонии хонандагон мебошад. Нисбат ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сифат ҳамчун дараҷаи мувофиқати сатҳи маърифатнокӣ ва тайёрии хонандагон ба сатҳи талаботи мувофиқатшуда ҷиҳати азхудкунии барнома ё  стандарти муайяни таълимӣ муаррифӣ мешавад.

Мутобиқи талаботи қисми 1-и моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омўзгор, давлат ва ҷомеа мебошад.

Аз муқаррароти мазкур маълум мегардад, ки танҳо дар он вақт  таҳсилоти босифат ва ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгў  мешавад, ки агар тамоми субъектҳои ҷараёни таълиму тарбия дар ҳамбастагӣ бо якдигар фаъолият намоянд.

Яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бояд чорабиниҳои зеринро бо мақсади таъмини ин раванд ба сомон расонанд:

- дар мувофиқаи мутақобила таҳия ва иҷрои барномаҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддати таъминоти кадрӣ;

 - барқарор намудани робитаи доимӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи омўзгорӣ; 

-  мусоидат кардан ба касбинтихобкунии хонандагоне, ки майлу рақбати фаъолияти омўзгорӣ доранд; 

-  таҳияи нақша, қабулу иҷрои он ва андешидани тадбирҳои муҳим ҷиҳати фаро гирифтани омўзгорон ба такмили ихтисос ва бозомўзӣ.

 Чорабиниҳои мазкур тавассути механизмҳои идоракунии он амалӣ шуда, идоракунии сифати таҳсилот ба низоми умумии идоракунии муассисаҳои таълимӣ дохил мешавад. Бинобар ин, идоракунии сифати таҳсилот бо ҳеҷ ваҷҳ ба идоракунии муассисаҳои таълимӣ монеа шуда наметавонад, баръакс идоракунии муассисаҳои таълимиро самаранок мегардонад. Дар баробари ин, ворид намудани низоми идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сифати идоракунии муассисаҳои таълимиро таъмин карда, муносибатҳои ҳуқуқии байни роҳбарияти муассисаҳои таълимиро бо кормандон муайян мекунад.

Худбаҳодиҳии натиҷаҳои ҷараёни таълим имконият медиҳад, ки ошкорбаёнӣ дар мушоҳидаи ҷамъиятӣ таъмин гардида, бо ин васила боварии мардум ба низоми маориф зиёд гардад.

Барои он, ки идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд заминаи қонунгузорӣ мукаммал бошад. Таъсиррасонии идоракунӣ дар мактабҳо тавассути санадҳои локалӣ (дохилиидоравӣ), ки он аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои таълимӣ коркард ва қабул мегардад, ба танзим дароварда мешаванд. Маъмурияти муассисаҳои таълимӣ барои самаранокии идоракунии сифати таҳсилот бояд гардиши ҳуҷҷатии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро таъмин намоянд.

Айни ҳол аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо оид ба идоракунии сифати таҳсилот ва меъёрҳои санҷиши идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда мешавад, ки ҳадафи асосии онҳо  баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад.

М. Давлатова,

сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш