Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар инкишофи неруи зеҳнии омўзгорони кишвар нақши барҷаста дорад, зеро ҳамасола теъдоди зиёди муаллимону кормандони яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҷумҳурӣ-маориф бо давраҳои омўзишии он фаро гирифта шуда, донишу маҳорат ва малакаҳои педагогии худро сайқал медиҳанд. Дар ин бора ва дигар самтҳои фаъолияти доманадори донишкадаи мазкур дар соли 2021 бо ректори он Хоналӣ Қурбонзода суҳбате оростем.
- Муаллими арҷманд, сараввал шумо ва аҳли кормандони муассисаро бо омадани соли нави мелодӣ таҳният мегўем. Ҳамзамон, мехостем бидонем, ки дар соли сипаригардида донишкада ба кадом дастовардҳо ноил гардид ва дар самти такмили ихтисоси омўзгорон, татбиқи барномаву стратегияҳо, беҳбуди вазъи омўзиш ва будубоши шунавандагон чӣ корҳои назаррасе анҷом пазируфт?
- Ташаккур. Воқеан, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳо давоми соли 2021 як қатор корҳои муҳим ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳамгиро сохтани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба раванди курсҳои такмили ихтисос дар донишкада дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд, махсусан, Хазинаи кўдакони Созмони милали муттаҳид ЮНИСЕФ студияҳои сабти дарсҳои аудиоию видеоӣ, маркази дастгирии омўзгорон, утоқи танзимнамоӣ ва толори баргузории омўзишҳо ташкил карда шудааст. Таъмини шароити мусоид барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи раёсати донишкада қарор дорад. Шунавандагони курсҳо аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳо мувофиқи хоҳишашон аз хобгоҳи донишкада истифода мекунанд. Барои онҳо шароити шоистаи омўзишу таҳқиқ фароҳам оварда шудааст. Ҷиҳати самаранок гузаронидани курсҳо дар 9 толори таълимӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва таҳсилоти фарогир шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Омўзгорону кормандони соҳа ҳангоми иштирок дар курсҳои такмили ихтисос бо истифода аз воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ, аз қабили компютер, видеопроекторҳо ва тахтаҳои электронӣ корҳои эҷодӣ таҳия менамоянд. Ҳамзамон, дар донишкада бо дастгирии шарикони рушд синфхонаи иловагии компютерии пайваст ба шабакаи интернет таъсис дода шудааст.
Китобхонаи донишкада дорои 26 657 нусха китоб ва маводҳои таълимию бадеӣ буда, фонди он пайваста бо китобҳои нав ғанӣ мегардад. Дар китобхонаи донишкада гўшаҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-сарчашмаи обҳои зулол», «Паём роҳнамои мост» ва «Мо ва матбуот» ташкил карда шудааст. Сомонаи донишкада бо суроғаи www.tакmili-ihtisos.tj ва шабакаи фейсбукии он бо номи “Донишкадаи Ҷумҳуриявии Такмили Ихтисос” фаъол буда, дар он мунтазам дастовардҳои муассиса, чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, нақшаи тақвимии баргузории курсу семинарҳои махсус, барномаҳои таълимӣ ва эълонҳо ҷой дода мешаванд.
Ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат роҷеъ ба рушди сифати таълими фанҳои дақиқ дар донишкада гўшаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 ташкил гардидааст. Бо мақсади амалӣ намудани барномаи болозикр ва “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои давраи то соли 2030 курсҳои омўзишии технологияи иттилоотӣ, забонҳои русию англисӣ ва касбомўзӣ гузаронида шуда, баъди хатм ба онҳо сертификат дода мешавад. Соли ҷорӣ 109 нафар курсҳои омўзишии забонҳои русӣ, англисӣ, дўзандагӣ ва ғайраро хатм намуданд.
Чанде пеш даври минтақавии озмунҳои “Омўзгори соли Тоҷикистон-2021” ва “Мураббии соли Тоҷикистон-2021” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ҳамчунин, ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида шуданд. Кормандони донишкада дар семинару конфронс ва дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок ва суханрониҳо намуда, ҳамчунин, дар даври аввали озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурўғи маърифат” ва “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона иштирок карданд. Бори нахуст 14-15-уми майи соли равон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳсилоти фарогир-роҳ ба сӯйи баробарҳуқуқӣ: ба омӯзгорон омӯзонидани принсипҳои таҳсилоти фарогир» баргузор гардид, ки дар он дар шакли фосилавӣ ва ҳам дар шакли амалӣ зиёда аз 200 нафар намоянда аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Финляндия иштирок ва маъруза намуданд.
Донишкада алҳол бо 21 муассисаи таълимӣ-илмии Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Беларусия, Қазоқистон ва Ўзбекистон дар самти баландбардории маҳорати касбии омўзгорон ҳамкориҳоро ба роҳ монда, фаъолияти худро дар ин самт рўз ба рўз тақвият мебахшад. Ҳамчунин, бо мақсади аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омўзгорони тоҷикзабон аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон корҳои омодагӣ ҷараён дорад.
Татбиқи саривақтии “Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва дигар нақшаву барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои ба фаъолияти донишкада тааллуқдошта зери назорати доимии раёсат қарор дорад. Барномаи болозикр мақсаду вазифа, самтҳои асосӣ, роҳҳои татбиқ, манбаъҳои маблағгузорӣ ва натиҷаҳои ниҳоиро ба таври мушаххас нишон дода, самтҳои асосии рушди системаро бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам, дастовардҳо, ҳамчунин, эҳтиёҷ ва талабот ба такмили тахассус ва бозомўзӣ муайян менамояд. Амалӣ шудани барномаи мазкур имкон фароҳам овард, ки дар системаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф муносибатҳои нави ҷавобгў ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шавад.
-Фаъолияти таълимию методии донишкада чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Аз ҷониби мутахассисони донишкада мунтазам системаи такмили ихтисоси кишварҳои муваффақ ва натиҷаи таҳқиқотҳои шарикони рушд омўхта шуда, дар ҷаласаҳои Шўрои олимони донишкада баррасӣ карда мешаванд. Давоми соли 2021 дар доираи ҳамкориҳои донишкада бо Лоиҳаи Оҷонсии рушди байналхалқии Амрико (USAID) “Ҳамроҳ бихонем” барои омўзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ курсҳои омўзиши омехта ба роҳ монда шуд. Бинобар ин, аз ҳисоби кормандони донишкада ва филиалҳо гурўҳҳои арзёбӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар гардиданд. Дар натиҷаи арзёбӣ 6777 нафар омўзгори синфҳои ибтидоӣ шаҳодатномаи хатми курси омўзиши омехтаро ба даст гирифтанд. Ҳамчунин, аз ҷониби гурўҳҳои корӣ ва дар ҳамкорӣ бо Институти “Ҷамъияти Кушода” - Бунёди мадад дар Тоҷикистон модулҳои “Таҳсилоти фарогир” ва “Тафаккури интиқодӣ” ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти “Ҳамсоягони нек” (Добрососедство) модули “Роҳу усулҳои тарбияи мусбӣ бидуни хушунат ва табъиз” таҳия карда шуд.
Бо мақсади муайян намудани сифат ва самаранокии курсҳои такмили ихтисос мониторингҳо гузаронида шуда, натиҷаи он дар ҷаласаҳои Шўрои олимони донишкада ва филиалҳо баррасӣ карда мешаванд. Дар як ҳафта ду маротиба рўйнамоии (презентатсия) машғулиятҳои омўзгорони кафедраҳои донишкада гузаронида мешавад. Шунавандагон ҳангоми иштирок дар курсҳо ҷиҳати баргузории корҳои амалӣ ба муассисаҳои такягоҳии донишкада фиристода мешаванд. Вобаста ба натиҷаи мониторингҳо самтҳои афзалиятноки назорат ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти кафедраҳо оид ба ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос, иштирок дар дарсҳои устодон, фаъолияти устодони кафедраҳо ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо бо истифода аз технологияҳои муосири инноватсионӣ, корҳои амалӣ дар муассисаҳои таълимии базавӣ таҳлил карда мешаванд.
Қисми зиёди кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва раёсату шуъбаҳои маориф аз тамоми ҷумҳурӣ дар заминаи донишкада аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Ҳамзамон, мураббиёну омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, хусусӣ ва типи нав низ ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд. Дар соли 2021 барои омўзгорони чунин муассисаҳо 43 курси такмили ихтисос бо иштироки 1094 нафар шунаванда доир карда шуд. Лоиқи зикр аст, ки дар донишкада ва филиалҳои он аз ҷониби омўзгорони кафедраҳо вобаста ба мушкилиҳои соҳа ва методикаи таълими фан мунтазам семинарҳои мақсаднок гузаронида мешаванд, аз ҷумла, дар соли 2021 дар 215 семинар 5314 нафар иштирок варзиданд, ки 93,5 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Дар соли 2021 дар 954 давраи нақшавии омўзишӣ дар донишкада ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Бохтар, Кўлоб, Хоруғ, Хуҷанд ва Душанбе 23 033 омўзгор ва корманди соҳаи маориф ба курсҳо фаро гирифта шудаанд, ки 98,7 дарсади нақшаро ташкил дод. Дар маҷмуъ, давоми соли равон дар курсҳои нақшавӣ ва дигар курсҳои ғайринақшавии донишкадаву филиалҳо ва курсҳои дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гузаронидашуда 30904 нафар омўзгор такмили тахассус намуданд.
-Лутфан мегуфтед, ки корҳои илмӣ-инноватсионӣ дар донишкада дар кадом сатҳ қарор доранд?
-Бешубҳа, рушди соҳаи маориф, бахусус, такмили ихтисоси омўзгорон ба сатҳи самаранокии фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионии муассисаҳо вобастагии амиқ дорад. Аз ин рў, бо мақсади ҷоннок намудани раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишкада таҳқиқи мавзуи илмӣ-фармоишии «Таҳқиқи омилҳои пастшавии маънавиёти наврасон ва роҳҳои педагогии пешгирии он барои солҳои 2018-2022» бомаром идома дорад. Дар донишкада ва филиалҳо ба масъалаи баланд бардоштани неруи зеҳнӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Имсол 4 нафар омўзгор аз донишкадаю филиалҳои он рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Дар маҷмуъ, аз ҷониби ҳайати омўзгорону кормандони донишкада ва филиалҳо дар соли 2021 14 китоб, беш аз 304 мақолаи илмӣ-методӣ, 53 дастуру модули таълимӣ нашр гардида, ба рисолаҳои номзадӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ 154 тақриз таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ташкилоти GOPA, лоиҳаи “Пешгирии зўроварии хонаводагӣ” Маркази дастгирии методии психологҳои мактабӣ ва омўзгорон ба фаъолият оғоз кард. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ шумораи омўзгорони пуртаҷрибаю эҷодкор, пешқадаму ташаббускор, масъулиятшиносу навовар, ки пешрафти ҷомеа ба онҳо вобастагӣ дорад, зиёд шуда истодааст. Дар донишкада дарси кушоди омўзгорони пешқадам, ки таҷрибаашон аз ҷониби омўзгорони муассиса мавриди омўзиш қарор дошт, ташкил карда шуд. Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад, ин коркарди шаклҳои инноватсионии таълим ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки имрўзҳо дар донишкада модели “Омўзиши омехта” дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд коркард шуда истодааст.
- Аз иттилооти пешниҳодкардаатон маълум гардид, ки дастоварду комёбиҳо дар муассиса зиёданд. Дар боз ҳам беҳтар кардани раванди фаъолияти донишкада ҳалли кадом масъалаҳоро зарур медонед?
Таҳлили иҷрои нақшаи фарогирии омўзгорону кормандони соҳаи маориф ба курсҳои такмили ихтисос маълум менамояд, ки шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаро иҷро накардаанд, сабаби асосиро дар набудани маблағи зарурӣ ё ҷудо нагардидани маблағи сафархарҷии шунавандагон асос менамоянд. Ҳолати бавуҷудомада зарурати коркарди моделҳои гуногуни такмили ихтисоси омўзгоронро талаб менамояд. Дар шаҳру ноҳияҳои Ховалинг, Темурмалик, Балҷувон, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа, Мурғоб, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳи Кўҳӣ, Айнӣ ва Панҷакент иҷрои нақша камтар аз 80 фоизро ташкил медиҳад, ки ин қонеъкунанда нест.
Ба андешаи инҷониб, ҷиҳати боз ҳам хубтар намудани низоми такмили ихтисоси омўзгорон, босамарии курсҳо, тибқи нақша пурра фаро гирифтани шунавандагон ва бартарафсозии мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта мебояд шаклҳои нави такмили ихтисос коркард ва барои аз ҳисоби мутахассисони болаёқат баланд намудани зарфияти донишкадаю филиалҳо чораҳои амалӣ андешида шавад. Мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии филиалҳои донишкада ва бо бино таъмин шудани филиали донишкада дар шаҳри Душанбе низ аз авлавиятҳои раванди кор ба шумор меравад. Раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишварро мебояд, барои иштироки пурраи омўзгорон дар курсҳои такмили ихтисос чораҳои амалӣ андешанд. Ҷиҳати пешрафти кор дар донишкада ташкили кафедраи омодагии ҳарбӣ ва вобаста ба зиёд гардидани курсҳои такмили ихтисос ва теъдоди омўзгорон воҳидҳои кории донишкада ва филиалҳо низ бояд зиёд карда шавад. Ҳамчунин, барои татбиқи саривақтии “Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2018-2022 ҳамкории самараноки донишкадаву филиалҳо бо шарикони ҳамкор зарур аст.
Мусоҳиб Дилафрўзи Аваз,
“Омўзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр