Нашрияи Омӯзгор

Рўе, ки нагардад зи касе…

Сана: 2021-12-31        Дида шуд: 112        Шарҳ: 0

 

Яке аз падидаҳои маърифат бори замони мо ташкили озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки бо ибтикори Пешвои миллат байни қишрҳои гуногуни ҷомеа  ҳамасола баргузор мегардад.  Ин озмун сол ба сол такмил ёфта, ба шакли хеле густурда  дар тамоми қаламрави ҷумҳуриамон доман паҳн менамояд.

Аввали моҳи равон  ин озмун ҷамъбаст гардид ва мо  шоҳиди он будем, ки беҳтарин мутолиакунандагони китоб бо маблағҳои муайян мукофотонида шуданд ва натиҷаи озмун муаррифи он буд, ки мардуми тоҷик аз азал бо китоб унс гирифтаву тавассути он таърихи гузаштаи худро ба муосирон бозгў менамояд.

Ин озмун таҳти сарпарастии Роҳбари кишвар ва ниҳодҳои  масъул - вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  баргузор гашт. Зеро шароити мусоиде, ки ин ниҳодҳо барои таҷлили озмун муҳайё намуданд, бесобиқа арзёбӣ гардид. Ҳамаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон рафти озмунро барои кулли ҷомеа намоиш доданд, ки ҷалби дигаронро низ барои иштироки минбаъда дар он таъмин намуд.

Мо, устодону шогирдони Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз он мефахрем, ки дар номинатсияи адабиёти ҷаҳони  озмун миёни аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ ҳамкори мо Гулпарӣ Ҳусейнова ҷойи аввалро соҳиб гардид. Шогирди дигарамон Ҳумайнӣ Носиров,  донишҷўи курси сеюми донишгоҳамон, то даври сеюм миёни ҳамсолонаш сабқат намуд.Донишгоҳи  мо дорои китобхонаи барҳаво ва теъдоди зиёди асарҳои назмию насрист ва таблиғи китобхонӣ ба ин ду нафар даст дод, ки иштироки фаъолона дошта бошанд.    

Шоири  тавонои тоҷик Соиби Табрезӣ фармудааст:

Соиб, маталаб рўйи дил аз кас, ки дар ин аҳд

Рўйе, ки нагардад зи касе, рўйи китоб аст.

Оре, шоир барҳақ бо китоб дўстӣ доштану бо он ҳамдам буданро таъкид намудааст. Агар ба мероси хаттии гузаштагонамон ба тааннӣ бингарем, ба осонӣ мушоҳида хоҳем кард, ки онҳо дар тамоми мавзўоти олам сухани пурвазн гуфтаву бо ин роҳ доди суханро додаанд.

Имрўз низ чунин ташаббусро адибони муосирамон идома дода, афкори хешро тавассути шеър вобаста ба авзои рўз баён медоранд. Аз ташаббусҳои хеле чашмгири нашрияҳо, хоса, нашрияи «Омўзгор» дар ин самт  хушамон меояд. Ҳар саҳифаи он бо абёти шоирони бузурги асрҳои гуногун оро дода шуда, ҳатман ин ё он он ҳикматеро дар худ ғунҷоиш додааст. Бар замми ин, дар шумораи 50 – уми он фардбайтҳои адиб ва рўзноманигори шинохта Абдурауф Муродӣ, мо - хонандагони нашрияро шод гардонд. Баъзан устодони мактабҳо, роҳбарони синф, шогирдони онҳо суханонеро дар васфи китоб, доир ба зарурати китобхонӣ чунин байтҳоро мекобанду ба зудӣ дастрас карда наметавонанд. Акнун,  онҳо метавонанд аз ин саҳифа ба таври хеле  роҳат истифода намуда, ҳатто бо истифода аз он гўшаҳои синфӣ, навиштаҷоту овезаҳоро дар самти тарғиби китобу китобдорӣ ва китобхонӣ истифода намоянд. Ба таври намуна ин ду байтро  меоварем:

Ҳар халқ, ки беш бо китоб аст,

Сар пеши аду намекунад паст.

***

Калиди кохи  дониш дар китоб аст,

Ҳар он, к- ў бе китоб аст, дар азоб аст.

 Фикр мекунам, агар мо ба тарғиби мутолиаи китоб ба таври ҳамарўза камар бандем, метавонем, ки тавассути ин амал ҳам худ ва ҳам фарзандону шогирдонамонро китобхону китобдўст гардонем. Бовар дорам, ба ин кор муваффақ мешавем, зеро миллати мо аз азал китобдору китобдўст буд ва ҳамин тавр хоҳад монд.

 

Ҷаъфар ҚОДИРОВ,

устоди Донишгоҳи молия ва иқтисоди  Тоҷикистон  

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш