Вобаста ба ин, таҳия, тарҷума ва баргардонии (аз хати ниёгон ба алифбои муосири тоҷикӣ) китобҳои судманду пурмуҳтаво амали муфиду зарурист. Хушбахтона, солҳои охир кори таҳияву тарҷума дар ҷумҳурии мо тадриҷан ривоҷ меёбад ва дар ин замина беҳтарин нигоштаҳои адибону олимони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ дастраси хонандагони тоҷик мешаванд. Чанде пеш яке аз маъруфтарин таълифоти олим, адиб, забоншинос ва сиёсатмадори варзида Парвиз Нотили Хонларӣ ба номи «Баҳс ва таҳқиқи арӯз» аз ҷониби олими ҷавон ва рӯзноманигор Бахтиёри Абдураҳим аз хати арабиасоси тоҷикӣ ба хати муосири тоҷикӣ – кириллӣ баргардон ва дар шакли китоби алоҳида пешкаши хонандагон шуд. Чунонки маълум аст, илми арӯз яке аз муҳимтарин бахшҳои адабиётшиносӣ буда, вижагиҳои худро дорост. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар мактабҳои олии ҷумҳурии мо ба шогирдон дар доираи муқаррарнамудаи барномаи таълим асосҳои илми арӯз омӯзонда мешаванд. Омӯзиши ин илм ба хонандагон ба дарки шеър, ҳусну қубҳи он, хониши саҳеҳу беғалати матни ашъор, дарёфти тобишҳои маъноии каломи мавзун мадад мерасонад. Илми арӯз ба бесактаву самимӣ, хушлаҳну гуворо ва равону гӯшнавоз гаштани шеъри тоҷикӣ мусоидат кардааст. Китоби мазкури Парвиз Нотили Хонларӣ аз ҳафт фасл таркиб ёфтааст ва ба масоили умдатарини вазншиносӣ, аз қабили шеър, вазн, қофия, анвои вазни шеър, таърихи баромади вазни шеър, сарчашмаҳои илми арӯз, сарчашмаҳои шеъри форсӣ, баҳрҳо ва тавсифи онҳо… бахшида шудааст.
Китоб бо дебочае аз ҷониби таҳиягар ба номи «Сухане чанд дар бораи Парвиз Нотили Хонларӣ» ва асари ӯ «Баҳс ва таҳқиқи арӯз» оғоз меёбад ва ин дебоча ҳарчанд ҳаҷман чандон муфассал нест, барои фаҳми асари мазкур нақши шоиста дорад. Аз ҷумла, таъкид мешавад, ки «Баҳс ва таҳқиқи арӯз» аз китобҳои пурарзиши Хонларӣ буда, бинобар тозагии тафсилот ва эътимоднокии далелҳо таваҷҷуҳи арӯзшиносони барҷастаи дунёи форсигӯёнро ҷалб намудааст ва аз он дар таълифоти хеш арӯзшиносони тоҷик низ (чун Баҳром Сирус, Субҳон Давронов, Урватулло Тоиров) ба таври васеъ истифода кардаанд. Ҳамчунин, таъкиди нуктаи зер низ дар дебоча хеле ҷо-либ мебошад: «Парвиз Нотили Хонларӣ бар ин ақида аст, ки асоси арӯзи қадим бар забони арабӣ не, балки бар пояи забонҳои ориёӣ устувор аст, ки забони тоҷикӣ шохаи баруманди он ба шумор меравад. Арӯзро арабҳо аз миллатҳои ориёӣ гирифта, бинои шеъри худро ба он танзим кардаанд».
Олим, муҳаққиқ ва рӯзноманигори пуркор Бахтиёри Абдураҳим бо таҳияву баргардони китоби «Баҳс ва таҳқиқи арӯз» кори хеле муҳиму мондагореро ба анҷом расондааст, ки он, аз ҷумла, барои омӯзгорони адабиёти тоҷик солиёни зиёд мададгор хоҳад буд.
Гулнора Абдухолиқова,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики гимназияи тоҷикӣ –
русии ба номи А.С.Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр