Нашрияи Омӯзгор

Мутахассисони ҳирфаиро ба камол мерасонем

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотии филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ректори он А. Додоҷонзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дар байни 6 мамлакати тараққикардаи олам яке аз кишварҳое маҳсуб меёбад, ки дорои захираи бузурги истеҳсоли неруи барқ мебошад. Аз ин рӯ, роҳбарияти филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе дар нақшаи рушди минбаъдаи худ амалӣ гардондани чунин корҳоро дар назар дорад. Аз ҷумла, ифтитоҳи курсҳоро барои тайёру омода намудани мутахассисони фанҳои забони русӣ, математикаю физика ва ҳайати омӯзгорон, ки дар заминаи шартҳои махсуси озмунӣ ба кор қабул карда мешаванд. Дар доираи тайёр намудани мутахассисони соҳаи энергетика бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи таълими фосилавӣ дар тамоми самтҳои инкишофи технологияи иттилоотӣ ва раванди технологии омӯзиш бо ташкили семинарҳо ва тренингҳо пешбинӣ гардидааст. Дар филиали донишкада бо ин мақсад барномаҳои нави таълимӣ дар самти омода намудани бакалаврҳо  аз рӯйи ихтисосҳои «Электроэнергетика ва электротехника» (дар доираи омода намудани «Таъминоти барқӣ» ва «Неругоҳҳои обии барқӣ дар шакли ғоибонаи таълим) таҳия ва коркард шудаанд.

Дар филиал комплекси озмоишгоҳи таълимӣ мавҷуд аст, ки озмоишгоҳҳои фанҳои физика, химия, асосҳои назариявии электротехника, машинаҳои барқӣ ва ғайраро фаро мегирад. Соли ҷорӣ филиали донишкадаро 74 нафар хатм кардаанд. Роҳбарияти  муассиса ба масоили тарбиявӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногун дар ин боб таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мекунад.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш