Варзиш муҳимтарин омили тандурустӣ ва боиси болидарўҳии ҳамагон эътироф шудааст. Ҳар нафаре, ки хоҳиши ҳамеша сиҳатманд буданро дорад, бояд пайваста ба варзиш машғул шавад. Варзиш низоми ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳо ва машғулиятҳои таълимию обутобдиҳӣ оид ба маҷмўи мухталифи машқҳои ҷисмонӣ мебошад. Ҳадафи он дар баробари таҳким бахшидан ба саломатӣ ва инкишофи умумии ҷисмонии инсон ноил шудан ба натиҷаҳои баланд ва ба даст овардани ғолибият дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аст. Истиқлол барои рушди соҳаи варзиш дар кишвари азизамон заминаи мусоид фароҳам овард. Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба соҳаи варзиш ва густариши он дар саросари мамлакат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд, тадбирҷўӣ мекунанд. Ҳамакнун мо метавонем дар дурдасттарин манотиқи кишварамон толорҳои замонавӣ ва майдончаҳои гуногуни варзиширо мушоҳида намоем. Аз ҷумла, тайи чанд соли охир сохтани майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳои гуногуни шаҳри Душанбе ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин замина насли наврас вақти худро беҳуда сарф накарда, ба машқҳои гуногуни варзишӣ шуғл меварзад ва албатта, солиму бардам ба воя мерасад.Омўзгоронро низ мебояд баҳри ҳифзи саломатию рафъи хастагияшон мунтазам тамрин намоянд. Ин барои пурсамарии кори фикрӣ низ мусоидатгар мебошад. Таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат ба соҳаи варзиш натиҷаҳои дилхоҳ бор меоваранд. Солҳои охир варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба пирўзиҳо дастрасӣ пайдо мекунанд, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Ба шарофати пирўзиҳои онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам парчами Ватани мо парафшонӣ мекунад ва Суруди миллиамон садо медиҳад.
Варзиш қосиди сулҳ, василаи ба ҳам овардани халқҳои гуногуни олам, якдилии ҳамагонӣ ва муаррифи ҳар як давлату миллат буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Абдуҷалил Саидов,
омўзгори тарбияи ҷисмонии мактаби байналмилалии Президентӣ дар
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр