Нашрияи Омӯзгор

Фарҳанг дар Ҳироти асри ХV

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 125        Шарҳ: 0

 

Дар давраи салтанати хонадони Темуриён дар пойтахти давлати  ин хонадон  - шаҳри Ҳирот дар қатори илму адабиёт фарҳанг ва намудҳои гуногуни он хеле пеш рафта буд.

Ба намунаҳои фарҳанги густардаи ин замон – мусиқӣ, хаттотӣ, рассомӣ, шаҳрсозӣ, наққошӣ ва ғайра мисол шуда метавонанд, ки ин осор дар замони худ шуҳрати зиёдро касб карда буданд ва аксари онҳо, аз ҷумла, намунаҳои расмҳо, наққошиҳо, албоми хаттотон ва анвои мусиқӣ то рўзгори мо расидаанд ва аз ҳунари чирадастони ҳиравӣ дарак медиҳанд.

Роҷеъ ба шуҳрати ин шоҳкориҳои фарҳангӣ донишманди рус А.М.Белинитский чунин таъкид кардааст: «Дар бораи пешрафти ҳунари муҳандисӣ ва санъати меъмории нимаи дувуми асри ХV ҳамин қадар гуфтан басанда аст, ки баробари иморатҳои қадима ва пешин дар ин замон ҳам бо харҷи Ҳусайни Бойқарову Навоӣ ва ҳам бо харҷи бисёр вазирону дорандагони дигар дар Ҳирот ва атрофи он даҳҳо мадрасаву шифохона, ҳаммому пул, хонақоҳу масҷид, қасру кўшк, работу ҳавз, тиму дўкон ва амсоли ин сохта шуд, ки мадрасаҳои Ихлосия, Шифоия ва хонақоҳи Халосияи Навоӣ, мадрасаҳои Ҷомӣ, мадрасаи Хоҷа Исмоили Ҳисорӣ, доруссайёра, доруссаёдат, доруссафо ва ғайра машҳуртарини онҳо буда, бо ҳашамат, ороиш, наққошиву кошикорӣ ва тоқу равоқу гунбазу манораҳои худ бинандаро мафтун мекарданд».

Воқеан, баёнгари ободиву пешрафти ин ё он шаҳр мадрасаву шифохона, ҳаммому пулҳо, қасру кўшкҳои зинатдошта, меҳмонсарову ҳавзҳо ва дўконҳои ҳамеша гардон ба ҳисоб мераванд. Дар шаҳрҳои дигари замони Темуриён, аз ҷумла, Самарқанд, Балх ва Машҳад низ чунин ободиҳо ва пешрафтҳои фарҳангӣ зиёд буданд, ки дар ин бобат дар мавридҳои дигар андешаронӣ хоҳем кард. Дар он давра дар Ҳирот ва атрофи он боғҳои зиёди истироҳатӣ сохта шуданд, ки машҳуртарини онҳо Боғи Ҷаҳоноро ба ҳисоб мерафт. Қасру кўшк, айвону нишастгоҳ, ҳавзу гулгаштҳо аз мавзеъҳои асосии ин боғҳо буданд. Дар ин боғҳо ба ғайр аз бунёди бўстону гулгаштҳо ва ҳавзу ҷўйчаҳо сохтани фаввораҳову дарахтони сунъӣ, дар қафасҳо нигоҳ доштани мурғони хушхон расм шуда, қасру кўшкҳои он бо наққошӣ, сурати дарахту наботот, катибаҳои гуногун, суратҳои аҷиби афсонавӣ ва ғайра оро дода мешуданд, ки ин нуктаро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ намудаанд. Аз ҳунарҳои халқӣ, махсусан, қолинбофӣ, мисгарӣ, заргарӣ, рехтагарӣ, косибӣ, кулолгарӣ, шишагарӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ, наҷҷорӣ… хеле инкишоф ёфта буданд  ва  устоҳои самарқандӣ, ҳиротӣ, балхӣ, машҳадӣ аз пешкорони ин соҳаҳо  дониста мешуданд.

Аз бозиҳои варзишӣ шатранҷу нард, гўштингирӣ, муштзанӣ ва чавгонбозӣ равнақи зиёд доштанд ва аз шатранҷбозӣ се навъи он – шатранҷбозии кабир, сағир ва ғоибона маъмул буд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар шатранҷбозии кабир ва сағир маҳорати бузург доштааст. Дар ин даврон дар шаҳри ҳунарпарвари Ҳирот мусиқӣ, хаттотӣ, китобат, нусхабардорӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, тазҳибкорӣ, наққошӣ, рассомӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, гулкорӣ, кошигарӣ, муҳандисӣ, меъморӣ, матншиносӣ, миниатюрсозӣ, заркўбӣ, ҷадвалкашӣ ва ғайра густариши зиёд доштааст, ки намунаҳои ин ҳунарҳои нафиса дар саҳифаҳои китобҳо то замони мо расидаанд.

Дар хонадони Темуриён ташкили Китобхонаи машҳури Бойсанғурӣ ифодагари матлабҳои шоирону донишмандони он рўзгор буд, ки дар ин китобхонаи муқтадир нусхаҳои гуногуни китобҳои даврони пешин, аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сар карда, то осори Абдураҳмони Ҷомӣ таҳқиқ ва истинсох мешуданд ва дар ин маркази бузурги илмӣ шоирону донишмандон ва адибони зиёд кору фаъолият доштанд. Шеваи кор аз болои нусхаҳо чунин будааст, ки аввалан нусхаҳои қадимии қаламиро пайдо мекарданд ва чун  ба қадимӣ будан ва асолат доштани он нусхаҳо шакке боқӣ намемонд,  аз нигоҳи танқид гузашта, нусхабардорӣ мешуданд.

Фарҳангу маданият дар даврони хонадони Темуриён дар шаҳри Ҳирот хеле пеш рафта буд ва донишмандони зиёд ин пешрафтро ба давраи Ренесанси Аврупои асри ХV111 баробар донистаанд.

Матлуба Бўриева,

омўзгори  коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш