Нашрияи Омӯзгор

Санҷишҳои тестӣ аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 125        Шарҳ: 0

 

Усули бо тариқи тестӣ супоридани имтиҳонҳо аз се шакл иборат мебошад: тести кушода, пўшида ва мувофиқоварӣ. Ин усул аз соли 2008 дар муассисаҳои олии ҷумҳуриамон ҷорӣ гардида буд.

Омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз  соли 2010 инҷониб ин усулро истифода мебаранд. Бо тариқи тестӣ санҷидани дониши хонандагон аз фанҳои ҷамъиятӣ муфидтар аст, зеро ба ин тариқ вақти хеле кам сарф мешавад.

Омўзгорони таърих ва ҳуқуқро зарур аст, ки пеш аз баёни мавзуи нав муҳтавои мавзуи гузаштаро ба тариқи тести пўшида ё мувофиқоварӣ пурсон шаванд. Дар вақти дарсҳои такрорӣ муаллим метавонад вобаста ба бобҳои гузашта ба  хонандагон супориш диҳад, ки доир ба мавзуъҳои баҳсталаб ё мушкил мустақилона тест тартиб диҳанд. Замони муосир замони техникаю технология буда, аз ҳар як омўзгор тақозо менамояд, ки дар раванди таълим тартиб ва истифодаи технологияи  иттилоотию коммуникатсиониро тавонад.

Омўзгорони таърих ва ҳуқуқро зарур аст, ки бо истифодаи маводи гуногун ва филмҳои ҳуҷҷатӣ, навовариҳо  дар самти фаъолияти  таълими фан ва  бо  такмили маҳорати педагогӣ, иштирок дар семинару машваратҳо ё худ дарсҳои омўзгорони таҷрибадор, истифода аз маводи марказҳои методӣ  дар шакли электронӣ аз техника ва технологияи инноватсионӣ тариқи почтаи электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, дискҳо, таҷҳизоти захиракунанда (флешкарта), таҷҳизоти нусхабардорӣ ва дигар таҷҳизоти ёрирасон фаъолияти худро вусъат бахшанд.

Мо мушоҳида мекунем, ки имрўзҳо бо воситаи телефонҳои мобилӣ барномаҳои зиёдеро, аз қабили барномаи тестҳои таърих ва ҳуқуқ истифода мебаранд. Омўзгор метавонад ин барномаро дар компютери худ фаъол намуда, дар қисмати мустаҳкамкунии дарс истифода барад.

Омўзгороне ҳастанд, ки тестро танҳо дар синфҳои болоӣ истифода мебаранд. Аслан мо метавонем аз синфи 5-ум хонандагонро бо тест шинос намоем. Албатта, хонандагони  синфҳои болоӣ бештар кўшиш менамоянд, ки худашон мустақилона ин се навъи тестро дар хона тартиб диҳанд. Хонандагоне, ки аз мавзуъҳои гузашта тест тайёр мекунанд, ин  мавзуъҳоро бештар мефаҳманд ва дарк мекунанд. Инчунин, омўзгорони таърих ва ҳуқуқ метавонанд аз рўи барномаи таълимӣ, ки пас аз 12 мавзуъ дарси такрорӣ ва санҷишӣ дода шудааст, санҷишро ба тариқи тестӣ роҳандозӣ  намоянд. Омўзгор бояд пеш аз санҷиш тестҳоро тайёр кунад, зеро дар ин сурат вақт кам сарф мешавад.

Дар қисмати охири китобҳои таърихи халқи тоҷик (синфҳои 8 ва 9), таърихи умумӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар синфи 9 намунаҳои тестҳо оварда шудааст. Омўзгорон метавонанд пас аз гузаштани мавзуъ аз онҳо барои мустаҳкам намудани дарс истифода баранд.

Саидзода Ризвони Абдусалом,

омўзгори МТМУ №21-и

ноҳияи Варзоб

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш