Доктори илми филология, профессор Худойназар Асозода дар байни донишмандони риштаи филологияи тоҷик бо асарҳои зиёди илмиву тадқиқотии худ аз симоҳои шинохта маҳсуб меёбад. Китобу рисолаҳои ў «Нигарише ба насри муосири дарии Афғонистон», «Инкишофи жанрҳои насрӣ дар адабиёти дарӣ», «Ташаккули низоми жанрӣ дар насри дарии Афғонистон», «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он», «Адабиёти садаи ХХ - и форсии тоҷикӣ», «Адабиёти Эрон дар садаи ХХ», «Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ», «Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷодии ў» аз ҷумлаи таълифоти ўянд, ки бо далелҳои муътамади илмӣ пайвастагии се шохаи бузурги адабиву илмиро исбот намудааст. Дар баробари ин, як қатор асарҳои эшон ба зиндагинома ва эҷодиёти адибони шинохтаи тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода ва чанде дигар мансубанд.
Ба хотири хизматҳои бузург ва гиромидошти ҷашни ҳаштодсолагии ин олими шинохта бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ ва ИН Тоҷикистон дар ганҷинаи профессор Ш. Ҳусейнзода (воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисораки шаҳраки донишҷўён) конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии «Профессор Худойназар Асозода ва рушди адабиётшиносии тоҷик» баргузор гардид.
Чунонки садри маҳфил, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ М. Зайниддинзода гуфт, шодравон Х. Асозода дар чанд вазифаи дигаре (мудири кафедра, ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва ғайра) вобаста ба донишу таҷрибаи калони андўхтааш кору фаъолият намуд, вале то охири умр ҳамчун омўзгори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ фаъолияти илмиву омўзгориашро ба анҷом расонд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод, доктори илми филология Аламхон Кўчаров, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи Б. Ғафуров Субҳони Аъзамзод доир ба коргоҳи эҷодии адиб суханронӣ карданд. Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, профессор Шаҳбоз Кабиров, ки ҳарду ҳамсабақи Х. Асозодаанд, аз давраҳои донишҷўиашон ёдовар шуданд. Доктори илми таърих Раҳмоналӣ Шарифов низ шиносоии нахустини худро бо марҳум Х. Асозода ба хотир овард.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр