Нашрияи Омӯзгор

Сатҳу сифати таълимро баланд бардорем

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 138        Шарҳ: 0

 

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Муҳаммад Орифзода

- Муҳтарам Муҳаммад Орифзода, нахуст мехостем дар хусуси фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия маълумот медодед.

- Имрўз дар қаламрави ноҳия 73  муассисаи  таълимӣ, аз ҷумла, 64 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5  муассисаи таҳсилоти  умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти  ибтидоӣ,  литсейи давлатии №1, интернати  хонандагони лаёқатманд,  мактаб-интернати ятимон, 9 муассисаи томактабӣ, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таҳсилоти иловагӣ фаъолият дошта,  ба таълиму тарбияи   хонандагон 3274  нафар омўзгор машғул  мебошанд.

Дар ноҳия 9 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 835 нафар кўдак ва 60 маркази инкишофи кўдак бо фарогирии 2709 нафар тарбиятгиранда фаъолият доранд. 

Дар панҷ соли охир мактабҳои зиёде дар деҳоти дурдасти кўҳистон сохтаву мавриди истифода қарор дода шуданд. Бояд қайд кард, ки дар бунёди биноҳои иловагиву синфхонаҳо гурўҳи соҳибкорону шахсони саховатманд саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар соли хониши 2020-2021 дар назди МТМУ №35 2 синфхонаи иловагӣ барои 60 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои Тоҷикагролизинг, дар назди  МТМУ № 37 сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст  бо иқдоми соҳибкор Шайхов, бинои кўдакистони хусусӣ дар ҷамоати деҳоти  А.Рўдакӣ барои 120 ҷойи  нишаст аз  ҳисоби соҳибкор М. Абдулҳаева ва дар назди МТМУ №20 маҷлисгоҳ ва ошхона  аз ҳисоби маблағҳои буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  сохтаву мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамчунин, дар соли таҳсили 2021-2022 дар назди  МТМУ №53 сохтмони   10 синфхона барои  250   ҷойи нишаст аз ҳисоби  Кумитаи  падару  модарон ва соҳибкорон, дар назди                                                                                                  МТМУ №55  4 синфхона барои 100 ҷойи нишаст аз ҳисоби Кумитаи падару  модарон ва дар назди МТМУ №54  ошхона ва иншооти ёрирасон аз ҳисоби  соҳибкор Н. Шамшерзода  бо суръат идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар соли таҳсили 2021-2022 дар назди муассисаҳои №№  11, 12, 47, 49, 54, 56, 59 аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд  ва МТМУ №21 аз ҳисоби Кумитаи падару модарон ва соҳибкорон  ва МТМУ №33 аз ҳисоби  соҳибкорони  маҳаллӣ,  дар маҷмуъ, 9 муассисаи таълимӣ  ба нақша гирифта шудааст.

4 декабри соли 2021 бо иштироки Сарвазири мамлакат, муҳтарам қоҳир Расулзода бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 барои  240  нафар хонанда дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

- Шумо сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Солҳои охир сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия то ҷое беҳтар гардидааст. Дар соли таҳсили  2020-2021 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои вилоятӣ соҳиби 199 медал, аз ҷумла, дар олимпиадаи  вилоятӣ, дар маҷмуъ 124 медал, аз ин 26 медали тилло, 8 медали  нуқра, 90 медали  биринҷӣ ва дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 33 нафар хонанда  сазовори ҷойҳои 1,2 ва 3 гардиданд. Илова бар ин, хонандагони муассисаҳои таълимиии ноҳия дар озмунҳои байналмилалии “Архимед”, “Кенгуру” ва “Фисо” иштироки фаъолона намуда, соҳиби  7 медали тилло,  9  медали нуқра ва  26 медали биринҷӣ гардиданд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи донои китоб аст” дар асоси низомнома дар муассисаҳои таълимии ноҳия ва дар маркази ноҳия гузаронида шуд. Дар даври мактабӣ 2713 нафар хонанда ва дар даври ноҳиявӣ 502 нафар иштирок намуд. Дар даври вилоятӣ 5 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия ғолиб дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Айниддин Давронов, омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар номинатсияи “Назм ва наср” иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ ва соҳиби 5 000 сомонӣ гардид.

Ҳамзамон,  соли гузашта хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Саёҳат Назарова соҳиби аттестати аъло ва медали тилло гардид.

-  Иҷрои барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия  дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Татбиқи «Барномаи давлатии компютеркунонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2017-2022» дар ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, бо дарназардошти теъдоди хонандагони синфҳои 5-11 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1400 адад компютер, 216 адад принтер ва 42 адад тахтаи электронӣ дастрас шудааст, ки 105%-и нақшаро ташкил мекунад.  Дар муассисаҳои таълимӣ 51 адад кабинети компютерӣ таъсис ёфта, 38 кабинет тариқи модем ба шабакаи Интернет пайваст шудааст. Аксарияти муассисаҳои таълимӣ аз  барқи доимӣ истифода мебаранд. Дар самти амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ»  дар муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи нақша  ташкили  кабинетҳои фаннӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати  маориф ва илми ҷумҳурӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия 38 кабинет бо арзиши аз 1000 то 10000 сомонӣ ва  6 кабинет аз фанҳои химия, биология, физика, математика ва технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ ташкил шудаанд. Аз ҳисоби маблағҳои сарикасӣ дар  муассисаҳои таълимӣ 11 адад тахтаи электронӣ, 4 адад батареяи офтобӣ, 38 адад компютер харидорӣ шудааст.

Мусоҳиб Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омўзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш