Нашрияи Омӯзгор

Истеъдоди асил ҷовидонист

Сана: 2021-12-31        Дида шуд: 131        Шарҳ: 0

 

Дар санъати мусиқии касбии тоҷик як идда ҳунармандоне зуҳур кардаанд, ки  бо суруду  таронаҳои дилошўби хеш дар хотираҳои мардум як умр боқӣ мемонанд. Яке аз онҳо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов буд, ки бо маҳорати фавқулодаи сарояндагии худ  ба дилҳо шодиву сурур  меовард. Агар умр вафо мекард, ў имрўз ба синни мубораки 65 мерасид.

Ба муносибати 65 – солагии зодрўзи ў дар  матбааи  Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Нашриёти муосир» китоб – албоме бо номи «Ба ҳар ҷое ту бошӣ, ёди ман кун!» бо кўшиш ва  эҳтимоми рўзноманигори шинохта  Комилҷон Холов аз чоп баромад. Китоб – албоми зикргардида аз зиндагиномаю ёддоштҳои шодравон Ҷ. Исмоилов, меҳрнома ва хотираҳои шогирдон, ҳамкору ҳампешаҳо, ёру дўстон фарзандон ва мухлисони созу сурудҳои ў мураттаб гардида, ҷанбаи маърифатию тарбиявӣ дорад. «Ба ҳар ҷое ту бошӣ, ёди ман кун!» барои насли наврасу ҷавонон, хусусан, барои тарбиятгирандагони мактабҳои мусиқӣ, литсейю коллеҷҳои равияи мусиқидошта, шогирдони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва ДДФСТ ба номи М.Турсунзода дар интихоби касбу ҳунар ва роҳи рости зиндагӣ дастури хубест.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш