Нашрияи Омӯзгор

Ҷодаи «Корвони маънавиёт» бардавом аст

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

 

Агар дар ҷаҳон сулҳи пойдор меҳоҳем, аз арҷгузории кўдакон бояд оғоз кунем.

Ганди Моҳандас

Тарбияи ахлоқии насли наврас аз вазифаҳои пурмасъулияти омўзгорону устодон маҳсуб меёбад, зеро таълиму тарбия дар рўҳияи одобу ахлоқи нек нахустин ва муҳимтарин омили саодату камоли одамӣ ва ҷомеаи инсонӣ аст. Ниёгони мо аз замонҳои қадим ба таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуданд. Дар ин хусус, дар китоби «Авасто» ва дар дигар китобҳои бостонию муосир андешаҳои фаровоне дар хусуси аҳамияти илму дониш ифода ёфтааст.

 Ҳақиқати бебаҳс аст, ки барои тарбияи инсони асил, пеш аз ҳама, омўзгори болаёқат ва кордон мебояд. Симои нуронии устодон, қалби саршори меҳрашон моро чун чароғи ҳидоят ба ҷодаҳои илму ҳунар равона месозад. Бале, ҳастии ҷомеа ба ҳастии муаллим марбут аст, зеро ў фардоро бо ҷомеа ва ҳаёт мепайвандад. Ў пайвандгари зиндагӣ ва пайвандгари дилҳост.

Муаллим – пешвои халқи олам,

Муаллим – роҳбари авлоди одам.

Муаллим – ҳодии халқи ҷаҳон аст,

Муаллим – вориси пайғамбарон аст.

Барои амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ дар шаҳри дўстии халқҳо - Гулистон аз тарафи омўзгорон пайваста корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Яке аз онҳо маҳфили муштараку сайёр, илмию методӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқию доимоамалкунандаи шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон «Корвони маънавиёт» бо мавзуи «Ватанам – Тоҷикистон» таҳти шиори «Корвон дар шоҳроҳи Ваҳдат» ба ҳисоб меравад.

Аз 30 марти соли 1993 инҷониб ин маҳфил бе таваққуф амал дорад. Дар ин муддат маҳфил корҳои пурсамар, пурмаҳсул ва эҷодкоронаву ҷадидро дар ҳамаи муассисаҳои мактабию томактабии шаҳр пиёда сохтааст. Дар ин маҳфил баргузории мулоқоту вохўриҳои шахсиятҳои барҷастаи кишвар бо омўзгорону мураббиён ба ҳукми анъана даромадааст. 11-уми декабри соли равон «Корвони маънавиёт» дар муассисаи таълимии томактабии №1-и «Офтобак», (мудири муассиса Таҳминахон Ашўрқулова) ба ифтихори 25-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ машғулияти навбатии №169-умин аъзои худро созмон дод. Дар он 7 зермаҳфил бо унвони «Устодон», «Ирфон», «Султон», «Ҷавонон», «Мизбон», «Шодон» ва «Сорбон» фаъолият намуданд.

Мувофиқи барномаи маҳфил мураббияи муассисаи томактабии мазкур Гулрў Файзуллоева аз таҷрибаи кории худ дар мавзуи «Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан» дарси маҳорат баргузор кард.

Узви маҳфил, омўзгори собиқадори синфҳои ибтидоии МТМУ №14-и шаҳр Муборак Ҳамрабоева, аз ҷумла, чунин иброз дошт:

- Мехоҳам, ки шумораи муассисаҳои томактабӣ зиёд ва дарбаргирии кўдакон ба таври комил шавад, маданияти сухандонию сухангўии наврасон такмил ёбад.

Иштирокдори дигари доимии маҳфил Сурайёбону Гадоева – омўзгори забон ва адабиёти тоҷики гимназияи №1-и шаҳр мегўяд:

- Тартиботро нигоҳ дор, тартибот туро нигоҳ хоҳад дошт. Одатан бисёр вақт нақша мекашем, қарор, тартибот қабул мекунем, лекин дар давоми фаъолият бо сабабҳои гуногун аз онҳо фаромўш мекунем. Дар натиҷа коре, ки мо анҷом додем, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, монда мешавем, аз фаъолияти худ пурра қаноатманд намешавем. Сабаб: тартиби корбарӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби макони фаъолият ба талабот ҷавоб намедиҳад. Дар кору зиндагӣ, дар макону замон бояд тартиботи одилонаю сода ҳукмфармо бошад.

Дар охири фаъолияти якрўзаи «Корвони маънавиёт» директори МТМУ №8-и шаҳраки Сирдарё Иродахон Қодирова аҳли нишастро ба машғулияти навбатии 170-умин, ки 12 феврали соли 2022 дар муассисаи мазкур баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар фаъолияти маҳфил муҳи-ти баробарӣ, дўстиву рафоқат, ваҳдату ҳамди-гарфаҳмӣ мақоми хос дорад ва маҳз ҳамин хусусиятҳо сафи ихлосмандонро ба ин маҳфил зиёд мегардонад. Дар машғулияти мазкур зодаи ноҳияи Мастчоҳ, шоир, омўзгори забон ва адабиёти тоҷик Савринисо Қурбонова аз шаҳри бостонии Хуҷанд омада, иштирок ва суханронӣ кард.

Маҳфили навбатии доимоамалкунандаи «Корвони маънавиёт» ба иштирокдорон таассуроти судманд боқӣ гузошт.

Акбаралӣ УСМОНАЛИЕВ,

роҳбари маҳфили «Корвони маънавиёт»-и шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш