Нашрияи Омӯзгор

То наафтад дар замин қадри сухан

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 116        Шарҳ: 0

 

Мо-мардуми Тоҷикистон бо чанд муқаддасоти миллии хеш – Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, қаҳрамонони Ватан ва пули миллиямон ифтихор мекунем. Забони давлатӣ низ дар ҳамин радиф буда, аз волотарин муқаддасоти миллии мо мебошад, зеро он забони модарии мост.

Айни замон дар ҷаҳон 6 ҳазор забони зинда мавҷуд буда, ба 43 дар сади он хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Забони тоҷикӣ низ дар тўли солҳои мавҷудияти худ борҳо ба хатари нестшавӣ гирифтор шуд. Хушбахтона, фарзандони шарафманди тоҷик ҳамеша ба дифои забони модарии хеш бархоста, бо ҷоннисориҳо ин сафинаи пурганҷи умеду армони халқро бе осебу «ғарқшавӣ» ба соҳили мурод расонданд. Кадом табақаи ҷомеа буданд посдорони шарафи забони тоҷикӣ? Зиёиён!

Банда, пеш аз ҳама, омўзгори забон ва адабиётро дар сафи пеши аҳли зиё мегузорам, чунки ўст, ки баъди модар забони кўдаконро «рост мекунад» ва ба онҳо илми суханварию забондонӣ меомўзад. Аз ин рў, омўзгорони забон ва адабиёт бояд рисолати худро дар ҳифзи забони тоҷикӣ сидқан ба ҷо биёранд… Устод Бозор Собир нақши зиёиёнро дар ҳифзи забону фарҳанги миллат пеши рў оварда, дилсўзона гуфтааст:

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ў,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ў,

То наафтад дар замин қадри сухан.

Воқеан, хидмати бузурги фарзандони фарзонаи миллат аст, ки мо, имрўзиён бо забони модарии худ ҳарф мезанем ва аз он ифтихор  дорем. Имони комил дорем, ки фарзандони содиқи миллат, пеш аз ҳама, зиёиёни асил минбаъд ҳам намегузоранд, ки забони модарии моро хатаре таҳдид намояд. Чунки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон-забони модарияшро аз даст надодааст. Баъди суқути давлати Сомониён забони тоҷикӣ минбаъд низ дар аҳди Ғазнавиён, Қарахониён, Ғуриён, Салчуқиён, Темуриён, Сафавиён, Шайбониён, Аштархониён ва Темуриёни Ҳинд забони илму адаб, мукотибаю муошират ва таҳияи ҳуҷҷату санадҳои расмии давлатӣ боқӣ монд…

Дар замони Шўравӣ ҷои калимаю вожаҳоеро, ки «архаистӣ» меномиданд, калимаю вожаҳои русӣ-интернатсионалӣ ишғол карданд. Чун даврони бозсозӣ оғоз гардид, зиёиён ба дифои забони модарӣ бархостанд. Дар матбуот даҳҳо мақолаи тезу тунди зиёиёни ҳақиқии миллат ба чоп расидаанд. Яке аз фозилони давр, академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ гуфт, ки «забони миллӣ аз реша суст шудан дорад, яъне, решаҳои миллат осеб мебинад». Аз ёдам нарафтааст, ки 21-уми феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе ҷавонони бедордили тоҷик бо мақсади ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ҳамоиш барпо карданд. Пештар аз ин, моҳи ноябри соли 1988 Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон бо иштироки олимони маъруфи тоҷик ҳамоиши илмӣ гузаронда буд.

Муборизаҳо натиҷаҳои хуб доданд ва забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Қонуни соли 1989 аз ҷониби Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қабулгардида ҳушдор дод, ки забон аз махлутшавӣ эмин нигоҳ дошта шавад.  Ҳоло ҷойи садҳо калимаю вожаи русиро гўишҳои тоҷикӣ ишғол кардаанд. Айни замон мо «республика», «район», «план»,  «проект», «программа», «бухгалтер», «экономист», «табелчӣ», «инженер», «инструктор», «конструктор», «аспирант», «студент», «абитурент» намегўему наменависем, акнун калимаҳои тоҷикии «ҷумҳурӣ», «ноҳия», «нақша», «лоиҳа», «барнома», «муҳосиб», «иқтисодчӣ», «ҳисобчӣ», «муҳандис», «мушовир», «ихтироъкор», «унвонҷў», «донишҷў»-ю «довталаб»-ро истифода мебарем.

Забондонӣ осон нест ва дар ин самт ҳар як нафар заҳмати зиёд мебояд кашад.  Мо бояд забони модариро дар сатҳи баланд бидонем, дар минбарҳо суханварӣ карда тавонем, дар навиштани ҳуҷҷатҳои расмӣ мушкилӣ накашем, фикри худро озод навиштаву баён созем. Муҳандис, табиб ё роҳбари идораю муассиса, омўзгорони фанҳои дақиқ ва дигарон «ман забончӣ не» гуфтанро фаромўш кунанд. Масъулон дар навиштани лавҳаю шиору овеза ва ғайра (ҳар чизе, ки ба таваҷҷуҳи омма пешниҳод мешавад) эҳтиёткор шаванд. Мансабдороне, ки ба забон эҳтиром надоранду қонуни забонро риоя намекунанд, бояд муҷозот шаванд.

Диққати хонандаи ин сатрҳоро ба суханони воқеан дилсўзонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷалб кардан мехоҳам: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугўю муошират ба ҳисоб меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рўҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рў, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандўстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегўям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам…»

Ҷўрабек МУЪМИН,

рўзноманигор,

Корманди шоистаи Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш