Нашрияи Омӯзгор

Солгарди фарзонафарзанд

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 100        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори бузург-дошти 70-умин солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон чорабиниҳои адабию илмӣ баргузор гардида истодаанд.

Чанде пеш чунин чорабинӣ дар китобхонаи вилоятии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ баргузор шуд, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ, донишҷўён ва устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, шогирдон ва муқаррабони Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд ширкат намуданд. Дар маҳфил оид ба ашъори баландғоя ва хидматҳои устод дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рўҳияи худшиносию меҳанпарастӣ ва дигар аъмоли ҳамидаи инсонӣ сухан рафт.

 

Ҷ. Қозибеков,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш