Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сайаъло Мирзоев дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки аз теъдоди 493 нафар донишҷӯ 344 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 149 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ сиву се донишҷӯ хориҷ гардид ки аз онҳо нуҳ нафарашон донишҷӯи факултаи илмҳои табиӣ ва боқимондаҳо аз факултаи гуманитарӣ буданд.
Барои пешбурди кори таълиму тарбия ҳоло дар филиал даҳ озмоишгоҳ, чор кабинети лингафонӣ ва панҷ синфхонаи компютерӣ амал мекунад. Дар соли хониши 2017 – 2018 филиали ДДМ ба номи М. В Ломоносов дар шаҳри Душанберо 103 нафар донишҷӯ аз рӯи шаш равияи бакалавриат хатм карданд, ки аз онҳо 18 нафарашон дипломи аъло гирифтанд.
Директори иҷроия С. Мирзоев оид ба масъалаи таҷрибаомӯзии шогирдон, фаъолияти илмии филиал, корҳои илмӣ – таҳқиқотии донишҷӯён, иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳои илмӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, хонишҳои ломоносовӣ, фаъолиятҳои китобхона, муносибатҳои байналмилалии филиал маълумот дод.
Зикр гардид, ки филиал бо як қатор ташкилоту корхонаҳо, аз қабили сарраёсати геологияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология, муҳандисии замин ва сейсмологияи АИ ҶТ, Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Маркази идораи барномавии андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мактаби рақами 6 – и шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, «Амонатбонк» ва ғайра барои гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр