Нашрияи Омӯзгор

Мулоқот бо омўзгорон

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 99        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и ба номи Давлаталӣ Шабдолови шаҳри Хоруғ бо сардори раёсати маорифи вилоят Лутфулло Наврўзов мулоқот доир шуд. Масъалаи меҳварии вохўрӣ ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии шаҳр буд. Қайд гардид, ки ҳар сол дар ҳудуди вилоят 4-5 муассисаи самти мактабу маориф бо ҳамаи талаботҳои замон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Соли равон бо иштироки Сарвари мамлакат дар шаҳри Хоруғ ба истифода додани бинои муассисаи таълимии рақами 5 ва майдончаи варзишӣ аз қабили онҳо мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо ниҳодҳои вобаста ба он то андозае амалӣ шуда бошад ҳам, ҳанўз фаъолнокии  мактабу Ассотсиатсияҳои падару модарон, гурўҳҳои ташаббускору зиёиён дар амалигардонии  ин қарор қонеъкунанда нест. Моро зарур аст, дар ин ҷода ҳамкориро дар ҳамаи самтҳо бо шаклу усулҳои нав роҳандозӣ кунем, - қайд намуд Л. Наврўзов. Ҳанўз иштироки шогирдони мо дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба қадри лозимӣ дида намешавад.

Мулоқоти сардори раёсати маорифи вилоят Лутфулло Наврўзов дар дигар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  шаҳр низ доир гардид.

Ҷ. Қозибеков,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш