Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар Бартанг

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 113        Шарҳ: 0

 

25-уми декабри соли равон бо иштироки раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, муовини вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Рўшон Додхудо Фарух Муборакшо ва сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илм Дилшод Сафарзода дар деҳаи Даржоми ҷамоати Бартанг бинои муассисаи таълимии №25 барои 120 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони бинои таълимии мазкур дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.03.2013, №82 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рўшон” аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.

Фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “ТАРРОҲ” таҳия шуда, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Баракати Сарбанд” иҷро гардидаанд.

Айни замон, бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, 14 нафар омўзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.  Бинои муассиса аз як ошёна иборат буда, дар он 5 синфхонаи таълимӣ ва як ҳуҷраи кории директор тарҳрезӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар қитъаи замини ҷудогардида дигар иншооти ёрирасон тибқи лоиҳаи таҳиягардида сохта шудааст.

Ҷ. Қозибеков,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш