Нашрияи Омӯзгор

Натиҷагирӣ аз 30 соли истиқлол

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 104        Шарҳ: 0

 

Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарогирии тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон  барномаҳои нави раҳнамояндаро ба мардуми кишвар манзур намуд. Ба таъбири дигар, дар поёни соли таърихии ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидани Паём воқеан, равшангари ин нукта буд, ки як навъ фаъолияти сисолаи кишвари азизи мо бо ҳама бурду бохти хеш натиҷагирӣ шуд. Дар сароғози Паём бо таваҷҷуҳ ба қудрати зеҳниву ҷисмонии мардум  Роҳбари  давлат изҳор доштанд, ки воқеан, хиради азалӣ ва талошу кўшишҳои халқи тоҷик барои таъмини сулҳу субот ва оромиш, тантанаи ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз ҷанги бародаркуш самараи нек ба бор оварданд ва дар натиҷа, Тоҷикистон дар ин фосилаи начандон тўлонӣ дар пешорўи таърих ба кишвари пешқадам ва соҳиби эътибори хоса дар низоми сиёсати байналмилалӣ табдил ёфт.

Дар баробари таҳлили ҳамаҷонибаи тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф бори дигар бозгўӣ он гардид, ки воқеан, маориф дар сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат мақоми меҳварӣ дорад ва ин нукта бори дигар бо таъкид бар он ки ҳеҷ як соҳаи хоҷагии халқ бидуни маориф ба пешрафт рў ба рў намешавад, собит гардид. Ғамхориҳои пайваста нисбат ба пешрафти соҳа ва дастгириҳои аҳли маориф, аз ҷумла, боло бурдани музди маоши муаллимон, стипендияҳои донишҷўён ва дигар тадбирҳои муҳим моро водор менамояд, ки бештару пештар дар фикри боло бурдани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бошем.

Изҳори нигаронии Пешвои миллат аз сатҳу сифати таҳсил дар макотиби миёна ва олии кишвар бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки тамоми раванди низоми таҳсилот таҳти назорати қатъии роҳбари давлат қарор дорад. Пешвои миллат ҳамчун шахсияти барҷастаи сиёсии маорифпарвар, маърифатофар баҳри ба низомҳои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ гардидани низоми маорифи Тоҷикистон талош доранд. Ҷорӣ намудани усулҳои навтарини таълим, даст кашидан аз равишҳои куҳнашуда, навгароӣ ва навназарӣ дар ҷараёни таълими фанҳои мухталиф, хоса ба роҳ мондани таълими фанҳои дигар бо забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҷумлаи пешниҳодҳои мушаххасе ба шумор мераванд, ки дар назди масъулини соҳаи маорифи мамлакат вазифаҳои бузургеро мегузоранд. Воқеан ҳам, маорифи миллии мо дар ҳоле рушд  мекунад, ки мо таҳсилотро бо забонҳои дигар, аз ҷумла, англисӣ ба роҳ монда, мутахассисони ҷавобгў ба ниёзҳои замони муосир тарбия намуда, дастовардҳои  маорифи миллии хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Қобили таъкид аст, ки бо ҳадафи иҷрои чунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат  дар Мактаби Президентӣ барои  хонандагони болаёқати шаҳри Бўстон аллакай тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Хосатан, барои он ки сатҳи забондонии хонандагони мактаб боло равад, пайваста онҳо барои иштирок ба олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ҷалб карда мешаванд, ки аксари онҳо бо забони англисӣ сурат мегиранд. Танҳо дар моҳи гузашта 16 нафар хонандаи мактаб дар  олимпиадаи фаннии байналмилалӣ дар шаҳри Анталияи Туркия ширкат намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф шуданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мо, омўзгорон низ мебошад.

Ҳоло дар мактаби мо чанд нафар устоди соҳибтаҷрибаи забони англисӣ кору фаъолият доранд, ки дар чандин кишварҳои олам аз курсҳои такмили забономўзӣ гузашта, барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои забонӣ ва инчунин, омода намудани толибилмон ба озмунҳои фаннӣ дар забони англисӣ талош меварзанд. Бо ҳидоят ва раҳнамоии директори мактаб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Набизода 2 нафари онҳо – Мадина Абдувоҳидова ва Зебоҷон Боқиева тасмим гирифтанд, ки дар таътили зимистона ҳамаи омўзгорони мактабро ба таври ройгон аз забони англисӣ таълим диҳанд. Роҳбарияти мактаб тасмим дорад, ки минбаъд барои васеъ намудани гурўҳҳои таҳсилашон ба забони англисиву русӣ талошу кўшиш ба харҷ диҳад ва ин тадбир барои камолоти маънавӣ ва омодагии хонандагон барои таҳсил дар гурўҳҳои русиву англисии донишкадаву донишгоҳҳои олии мамлакат ва берун аз он мусоидат хоҳад намуд.

Мэлс Нуров,

омўзгори Мактаби Президентӣ барои  хонандагони болаёқати шаҳри

Бўстон, вилояти Суғд

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш