Нашрияи Омӯзгор

Соли комёбиҳои соҳаи маориф

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 153        Шарҳ: 0

 

Дар анҷоми сол  вобаста ба фаъолияти ду раёсати вазорат –  таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода  Диловар  Баҳриддин суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон  мегардонем.

- Таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ яке аз самтҳои афзалиятноки  соҳаи маориф шинохта шудааст. Дар ин зинаи таҳсилот  дар давоми сол чӣ гуна корҳо ба анҷом расонида шуд?

- Бо мақсади пешрафти зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати донишандўзии донишҷўён ва тайёр намудани мутахассисони касбии дар бозори меҳнат рақобатпазир ва ба ин восита ғанӣ гардонидани неруи зеҳнии кишвар раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ як қатор тадбирҳоро ба анҷом расонд. Аз ҷумла, дар самти танзими фаъолияти ҳайати роҳбарикунанда ва омўзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда  ва омўзгории муассисаи таҳсилоти олии касбии ҶТ таҳия гардида, бо қарори мушовараи ВМИ ҶТ аз 29 январи соли 2021 тасдиқ ва барои корбарӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ирсол гардид. Ин санад тамоми ҷанбаҳои раванди фаъолияти таълимию тарбиявии ҳайати роҳбарикунанда ва омўзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро дар бар гирифта, амалӣ шудани он дар пешрафти   таълиму тарбия нақши муҳимеро иҷро менамояд.

Дар баробари ин, бо мақсади амалигардонии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо фармоиши вазири маориф ва илм гурўҳи корӣ дар бораи таҳрири нав таҳия намудани Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

- Яке аз роҳҳои муҳими такмил додани дониши донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил кардани  олимпиадаҳо маҳсуб меёбад.

- Дар соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омўз» бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз фанҳои таълимии бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ  баргузор гардид. Дар олимпиадаи имсола 378 донишҷў аз 36 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар савияи дониш, малака  ва маҳорати худро аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русиву англисӣ, таърихи халқи тоҷик, технологияи информатсионӣ, физикаю математика, химия, биология- экология, назарияи иқтисодӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ, географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография ва педагогикаи умумӣ, дар маҷмўъ,  аз 14 фан санҷида, рақобати солим намуданд.

       Аз санҷиши ҷавобҳои хаттӣ ва шифоҳии иштирокчиёни озмун бармеояд, ки сатҳу сифати донишандўзии донишҷўён дар бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар буда, бахшҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ беҳбудӣ мехоҳанд. Махсусан, дар самти истифодаи технологияи компютерӣ донишҷўёне ба назар мерасиданд, ки аз уҳдаи истифодаи барномаи компютерӣ намебаромаданд ва ба кори олимпиада сарбории иловагӣ зам менамуданд. Ба ҳар сурат, ҷойи якум  27 нафар,  ҷойи дуюм - 30 ва ҷойи сеюмро 33 нафар соҳиб гардиданд.

- Нақшаи қабули донишҷўён тибқи квотаи Президентӣ дар  кадом сатҳ қарор дорад? Оё барои ҷойҳои пешбинигардида ин кор мақсаднок ба роҳ монда шудааст?

- Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» ва банди 15 – и «Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 11 июни соли 2021, №914 аз 15 то 26 июни соли 2021 бо довталабони квотаи президентӣ дар 61 шаҳру ноҳияи кишвар озмун баргузор шуд.

Тибқи санадҳои номбаршуда аз 1280  ҷойи тибқи нақшаи қабул ҷудогардида 1264 нафар, ё худ 99 фоиз довталаб аз даври ҷумҳуриявии озмун гузашта, соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Ба ҳар як ҷойи ҷудогардида аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 3 то 6 нафар довталаб – ғолибони даври ноҳиявию шаҳр барои иштирок дар даври сеюм пешниҳод гардида бошанд ҳам, бо сабаби аз ҷониби қисме аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи талабот пешниҳод нагардидани рўйихати довталабон ба озмуни даври ҷумҳуриявӣ ба 16 ҷойи мувофиқи нақшаи қабул ҷудогардида довталабон қабул карда нашуданд ва ин ҷойҳо холӣ монд.

Бояд гуфт, пурра иҷро нагардидани нақшаи қабул аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Балҷувон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Истаравшан, Конибодом, Истиқлол, Нуробод, Тоҷикобод ва Файзобод, аз як тараф, пайдо накардани довталаб бошад, аз дигар тараф, тибқи талабот ба роҳ намондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

 -  Хуб мешуд, аз хусуси раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ низ андаке маълумот медодед.

-  Мувофиқи фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳанўз моҳи марти соли ҷорӣ гурўҳи корӣ аз ҳисоби кормандони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорат ҷиҳати мавриди санҷиш қарор додани раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе, таъсис дода шуд. Гурўҳи мазкур раванди таълимро аз рўйи низоми зикргардида дар ДМТ, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, ДДМИТ ва ДДТТ мавриди санҷиш қарор дод. Мутаассифона, дар муассисаҳои таълимии зикргардида дар баробари комёбиҳо, як қатор камбудиҳо низ ба назар расиданд. Бинобар он, бо мақсади беҳдошти вазъи соҳа, татбиқи босамари низоми таҳсилоти фосилавӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор гардиданд, ки оид ба рафъи мушкилоти ҷойдошта дар пешбурди раванди таҳсилоти фосилавӣ чораандешӣ намуда, иҷрои саривақтии талаботи нақшаи таълимӣ, Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таъмин намоянд.

- Мехостем андешаи  шуморо атрофи фаъолияти раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бишнавем.  Дар ин самт дар соли сипаришуда  кадом корҳо ба сомон расонида шуданд?     

- Айни замон дар 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рўйи 8 равия (омўзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, ҳуқуқ ва варзиш) ва дар 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рўйи 15 равия (иқтисодӣ, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, саноати кўҳӣ, меъморӣ, сохтмон, кишоварзӣ, металлургӣ, сайёҳӣ, хизмати маишӣ ва хўроки умумӣ) мутахассисон омода карда шуда, бо назардошти рушди корхонаҳои саноатӣ дар кишвар, пайдо шудани талабот ба ихтисосҳои нав ҷиҳати таъсис додани ихтисосҳои нав дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касббӣ шароит фароҳам оварда шуд. Дар соли сипаришаванда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ чун дигар зинаҳои соҳаи маориф   дар баргузории ҷаласаҳои муҳими сиёсӣ дар кишвар, барпо намудани чорабиниҳои гигиению санитарии зиддивирусӣ дар ҷумҳурӣ ва монанди ин саҳми назарраси худро гузоштанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоии касбӣ 94 номгўи модулҳои таълимӣ ва 12 номгўй адабиёти дарсӣ  бо забони тоҷикӣ истифода мешаванд. Дар шаҳри Душанбе  ёздаҳ муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки хонандагонро дар риштаҳои гуногун аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифтаанд. Дар муассисаҳои таълимии мазкур аз рўйи зиёда аз 60 ихтисос хонандагон таҳсил менамоянд.

- Маълум, ки дар робита ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, барои наврасону ҷавонон як қатор сабқату чорабиниҳои фарҳангиву фаннӣ эълон гардида  буд. Ширкати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар онҳо то кадом дараҷа назаррас буд?

- Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 962 нафар хонанда ва 105 нафар омўзгор дар даври якуми озмун иштирок намуда, ба даври дуюм 185 нафар хонанда ва 27 нафар омўзгор роҳхат гирифта буданд. Дар даври якуми озмун аз 79 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 3552 нафар донишҷў ва 298 нафар омўзгор иштирок намуданд ва ба даври дуюми озмун 363 нафар донишҷў ва 87 нафар омўзгор роҳхат гирифтанд. Дар озмуни мазкур донишҷўёни коллеҷҳои омўзгории ДДХ ба номи Б. Ғафуров,  тиббии шаҳри Хуҷанд, омўзгории ноҳияи Мастчоҳ ва техникии шаҳри Хуҷанд хуб буд. Дар озмуни «Тоҷикистон  - Ватани азизи ман» донишҷўёни коллеҷҳои ба номи А. Бобоқулов, санъати шаҳри  Хуҷанд ба номи Содирхони Ҳофиз, санъати шаҳри Кўлоб ба номи К. Қурбонов  дар ҳамаи номинатсияҳо ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ба даст оварда бошанд ҳам, дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ин озмун ширкати шогирдонро таъмин карда натавонистанд, ки боиси таассуф аст.                  

- Ба назари  шумо, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  кадом мушкилоте ҷой доранд, ки дар соли оянда онҳо бояд ҳатман бартараф шаванд?

- Дар маҷмўъ, мушкилот дар ин ду соҳа, албатта, хеле зиёд аст, аз ҷумла, норасоии омўзгорони фанҳои тахассусӣ, таъмин нашудани хонандагон бо адабиёти таълимӣ, таъмирталаб будани толорҳои варзишӣ, саривақт аз такмили ихтисос нагузаштани омўзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, мушкилоти таъмини хонандагон бо хобгоҳ, ба теъдоди хонандагон мувофиқ набудани шумораи компютерҳо, ташкил нашудани корҳои беруназсинфӣ, дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои фаннӣ…

Албатта, роҳбарони муассисаҳои дахлдорро лозим аст, ки дар нимсолаи дуюми соли хониши 2022 ин камбудиҳоро бартараф намуда, дар тарбияи намунавии шогирдон саҳм бигиранд. Бар замми ин, солҳои охир талабот ба касбу ихтисосҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ рўз то рўз афзоиш ёфта, теъдоди хоҳишмандоне, ки тавассути зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гирифтани ин ё он касбу ихтисосро доранд, бамаротиб афзудааст.

            

Мусоҳиб Ҳотами ҲОМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш