Нашрияи Омӯзгор

Ривоҷи сохтмонҳо дар солҷашн

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 140        Шарҳ: 0

 

Соли 2021 дар ин самт  ҷиҳати бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ кадом корҳо ба анҷом расонида, чӣ миқдор иншооти соҳаи маориф  мавриди истифодаву баҳрабардорӣ қарор дода шуд?  Дар ин бора сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода чунин маълумот дод:

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ ба Вазорати маориф ва илм ҷиҳати сохтмони иншооти соҳаи маориф ба андозаи 28 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардид.

Дар номгўи  иншооти сохташаванда 38 иншооти соҳаи маориф ворид шуда, дар соли 2021 сохтмони муассисаи таълимии №54 барои 240 ҷойи нишаст дар  деҳаи Айвоҷ, муассисаи таълимии №40 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Боғҷида, сохтмони муассисаи таълимии нав барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Қумшоҳи ноҳияи Шаҳритус, сохтмони навбати дуюми муассисаи таълимии №24 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Ростровути ноҳияи Деваштич, сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №37, ноҳияи Мастчоҳ, таҷдиду азнавсозии бинои дуошёнаи муассисаи таълимии №10 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулистони ноҳияи Тоҷикобод, сохтмони навбати дуюми муассисаи таълимии №6 дар деҳаи Нушори ноҳияи Тоҷикобод ва сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ барои 1525 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №25, деҳаи Даржомчи ноҳияи Рўшон  ба анҷом расонида шуд.

Сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён ва сохтмони муассисаи таълимии №34 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Қаробоеви ноҳияи Шаҳритус ба анҷом расидааст.

Илова ба ин, ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи 10 июли соли 2021 дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод рухдода  сохтмони бинои муассисаи таълимии №22, деҳаи Бўстони ноҳияи Тоҷикобод ба уҳдаи Вазорати маориф ва илм вогузор гардид. Дар ин замина, сохтмони муассисаи мазкур барои 144 ҷойи нишаст моҳи августи соли равон оғоз гардида, дар кўтоҳтарин муҳлат ба анҷом расонида шуд ва моҳи ноябри соли 2021 мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар маҷмуъ, соли 2021 ба андозаи 28 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, иҷрои нақшаи солона 100% таъмин гардид.

Вазорати маориф ва илм вобаста ба рафти амалигардонии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» гурўҳи корӣ таъсис дода, дар 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон санҷиш гузаронид. Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки ба ҳолати 1 декабри соли 2021 дар қаламрави вилояти Хатлон 4 бинои шуъбаи маориф бо назардошти ҷойгиркунии маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази рушди истеъдодҳо ва 147 бинои муассисаи таълимӣ барои 24096 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст, ки 28,1% иҷрои умумии барномаро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти камбудиҳо тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.2021, №9870(26.5) бо мақсади идома бахшидани таъмини рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илм вазифадор гардидааст, ки лоиҳаи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои сохаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои минбаъдаро таҳия ва ба Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати марҳила ба марҳила ҷудо намудани грантҳо аз ҷониби Федератсияи Россия бо мақсади сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба назар гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки “Созишнома байни Федертасияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода” 17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва ба имзо расид.

Дар асоси Протоколи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷаласаи он рўзҳои 8-10 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, Гурўҳи татбиқи лоиҳаи сохтмони мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфт ва амаликунандаи асосии лоиҳа Бунёди Авруосиёии пойдорӣ ва рушд (ЕФСР)  ба ҳисоб меравад. Барои сохтмони иншооти мазкур қитъаҳои замин дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Бохтар, Кўлоб ва Хуҷанд ҷудо гардида, бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ таъмин шуд. Мавриди зикр аст, ки 21 майи соли 2021 озмун оид ба интихоби пудратчии генералӣ баргузор гардид. Дар асоси натиҷаҳои озмун Бонки Авруосиёгии рушд ва ҶДММ “Зарубеждипстрой”-и Федератсияи Россия шартнома оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони 5 муассисаи таълимӣ ба имзо расонида шуд. Аз ҷониби пудратчии асосӣ филиали ҶДММ “Зарубеждипстрой”-и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  шартномаи зерпудратӣ барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе бо ҶСП “ТГЭМ”, барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳри Хуҷанд бо ҶДММ “Нуроб”, барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳри Бохтар бо ҶДММ “Геосоз”, барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳри Турсунзода бо ҶСК “Алюминсохтмон” ва барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе бо ҶСП “ТГЭМ” баста шуд. Айни замон дар ҳамаи 5 иншоот корҳои заминӣ ба анҷом расида, бетонхобонии таҳхонаи бино дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозии 5 бинои шуъбаи маориф ва сохтмони 66 бинои муассисаи таълимӣ барои 15616 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Айни замон, аз ҷониби Гурўҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” корҳои лоиҳакашии иншоот ба анҷом расида, тибқи нақша озмун оид ба  интихоби ташкилотҳои пудратӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ гузаронида шуда истодааст. 

Дар доираи амалигардони марҳилаи навбатии Фонди Саудии Рушд бошад, барои сохтмони 81 иншооти соҳаи маориф бо маблаги 50 млн. доллари ИМА рўйхати иншоти сохташаванда омода гардидааст, ки дар рўйхати мазкур тибқи барнома сохтмони 54 бинои муассисаи таълимӣ барои 13960 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2021 тибқи маълумоти омории дастрасгардида дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 217 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 48281 ҷойи нишаст  бо маблағи 523 млн. 970 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Аз ин шумора 163 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 33125 ҷойи нишаст бо маблағи 185 млн. 661 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохта ба  истифода дода шуд.

Дар соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қаламрави ҷумҳурӣ  57 иншооти соҳаи маориф мавриди  истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, 12 муассисаи томактабӣ барои 2390 кўдак, 33 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 20879 ҷойи нишаст ва 1 бинои маъмурии шуъбаи маориф, 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ  барои 3800 донишҷў ва 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ баъди азнавсозӣ, 2 бинои муассисаи олии касбӣ барои 3724 донишҷў ва 1 бинои хобгоҳ барои 1000 кати хоб барои донишҷўён ифтитоҳ гардид. Инчунин, аз ҷониби Сарвари давлат барои сохтмони 1 муассисаи томактабӣ барои 200 кўдак, барои сохтмони 1 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 240 ҷойи нишаст ва барои сохтмони 2 бинои хобгоҳ барои 5000 донишҷў  санги асос гузошта шуд.

Бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода бошад, дар қаламрави ҷумҳурӣ 3 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 1030  ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Илова ба ин, бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм дар қаламрави ҷумҳурӣ  28 иншооти соҳои маориф ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 4 муассисаи томактабӣ барои 444 кўдак, 22 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 5166 ҷойи нишаст, 1 бинои муассисаи олии касбӣ барои 800 донишҷў ва 1 бинои хобгоҳ барои 200 кати хоб барои донишҷўён ифтитоҳ гардид.

Таҳияи Н. Охунзода,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш