Нашрияи Омӯзгор

Иҷрои барномаҳои давлатӣ зери назорат аст

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 134        Шарҳ: 0

 

(Мусоҳиба бо сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Қутбиддин Муҳиддинзода)

-Дар оғоз мехостем, ки дар хусуси амалҳои анҷомдодаи раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат дар соли сипаришуда мухтасаран маълумот бидиҳед.

- Бузургтарин чорабиние, ки соли гузашта ба вуқўъ пайваст, Анҷумани 6-уми омўзгорон ва Форуми омўзгорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба шумор мерафт. Бояд зикр намуд, ки раёсат ба таҳкими заминаҳои меъёрӣ -ҳуқуқӣ ва таҳияи асноди зарурии зинаи таҳсилот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, лоиҳаҳои Консепсияи арзёбии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фармоиши вазири маориф ва илми кишвар коркард ва ҷиҳати мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намуд. Ҳамчунин, рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» зери назорати доимии Вазорати маориф ва илми кишвар қарор дошт. Дар робита, бо ташкил ва баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм -фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» раёсат корҳои зиёди судманду муассирро ба анҷом расонид. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дар анҷоми соли таҳсили 2020 – 2021 натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 98,4 фоиз ва сифати таҳсилот ба 51,8 фоиз баробар гардидааст.

-Маълум аст, ки дар соҳаи маориф барномаҳои зиёди давлатӣ қабул карда шудааст. Тавзеҳ медодед, ки раванди татбиқи ин барномаҳо чӣ гуна сурат гирифтааст?

-Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030» як зумра корҳо ба сомон расонда шуд. Раванди иҷрои ин барнома дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳрҳои Истаравшану Бўстон ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Деваштичи вилояти Суғд мавриди санҷиши қарор дода шуда, барои муайян намудани сатҳу сифати дониши хонандагон ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ гурўҳи корӣ дар 8 муассисаи таълимӣ дар 58 синф кори санҷишӣ гузаронд, ки дар он 1441 хонанда иштирок намуд. Сатҳу сифати дониш 23,8 фоиз ва азхудкунии барномаи таълимӣ 60,8 фоизро ташкил дод. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм баррасӣ гардид. Ҳамасола аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дар масъалаи эҳтиёҷи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба мутахассисони ҷавон ва ба ин васила, бартараф намудани норасоии омўзгорон ба вазорат дархост пешниҳод карда мешавад. Дар соли таҳсили 2021-2022 барои 70 нафар омўзгори забони русӣ ва 100 нафар омўзгори забони англисӣ дархост шуда буд. Вазорати маориф ва илм тибқи роҳхат дар соли таҳсили 2021 -2022 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 381 нафар омўзгори забони русӣ ва 574 нафар омўзгори  забони англисӣ фиристодааст. Бо вуҷуди ин, имрўз дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов, шаҳри Бўстон норасоии омўзгорон аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ ҷой дошта, дар маҷмуъ, шаҳру навоҳии номбурда ба 31 нафар омўзгори забони англисӣ ниёз доранд. Таҳлили вазъи амалишавии «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» нишон дод, ки бо вуҷуди анҷом додани корҳои муайян дар ин самт, барномаи зикршуда бо сабаби ҷудо нагаштани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷро нагардид. Таҳлилу баррасии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» муайян намуд, ки бо талаби маблағгузорӣ, воҳидҳои корӣ ва хариди озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои марказҳо, барнома 83 фоиз иҷро гардида, зарурати таҳияи барномаи нав ба миён омад. Ҳамзамон, иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2015-2020» мавриди таҳлил қарор дода шуд.

-Ба таври мушаххас  оид ба вазъи таълиму тарбия, сифати таҳсилот, азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва назорати дохилимактабӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иттилоъ медодед.

-Ин масъала дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кўлоб мавриди санҷиш қарор дода шуд. Норасоии омўзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кўлоб бартараф гардида бошад ҳам, то имрўз омўзгорони зиёди ғайриихтисос ба хонандагон дарс медиҳанд. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии самти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон ба ҳисоб меравад. Гурўҳи корӣ барои муайян намудани сатҳ ва сифати дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои хаттӣ гирифта, муайян намуд, ки азхудкунии барномаҳои таълимӣ 71 фоиз ва сифати таҳсилот 27,8 фоизро ташкил дод. Санҷиши дар 15 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр гузаронида шуда, бозгўйи он аст, ки кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад. Зимни санҷиш мушоҳида гардид, ки масъалаи дастрасии барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар маводи ёрирасон аз мадди назари масъулини шаҳру навоҳии Хуросон, Фархор, Ховалинг ва Балҷувон дур монда, назорат карда намешавад. Такмили ихтисоси омўзгорон яке аз масъалаҳои асосии кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маориф ба ҳисоб рафта, мувофиқи нақша бояд раҳбарони муассисаҳои таълимӣ, мушовирон ва нозирони шуъбаи маориф аз курсҳои такмили ихтисос гузаранд. Аммо ба сабаби ҷудо нагардидани маблағ аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб ин масъала ба таври бояду шояд ҳалли худро наёфтааст.

Дар ВМКБ  тибқи ҳисоботи пешниҳоднамудаи сардори раёсати маорифи вилоят сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 50,1 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 94 фоизро ташкил додааст. Аммо аз санҷишу таҳлилҳои гузаронидаи вазорат маълум мегардад, ки сифати таҳсилот 39,1 фоиз буда, азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят 98 фоиз мебошад.

-Дар хусуси дастоварду муваффақиятҳои устодону омўзгорон, бахусус, иштироки хонандагон дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ чанд сухан мегуфтед.

-Дар ҳақиқат, дар баробари олимпиадаҳои мухталифи фаннӣ, ҳамасола озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра  дар байни хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Соли гузашта ба озмун аз шаҳри Душанбе 16 нафар, вилояти Хатлон 18 нафар, вилояти Суғд 40 нафар, аз шаҳри Ваҳдат 1 нафар ва шаҳри Турсунзода 3 нафар довталаб роҳ ёфтанд. Пас аз натиҷаи санҷиши корҳои хаттӣ ва саволномаҳои тестии озмун 43 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло 10 нафар, аттестати аъло бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ -гуманитарӣ – 19 нафар, аттестати аъло бо медали тиллои равияи табиӣ - риёзӣ -18 нафар, аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ -риёзӣ -6 нафар сарфароз гардиданд.

-Тавре медонем, ҳамкории Вазорати маориф ва илми кишвар бо созмонҳои байналмилалӣ (шарикони рушд) сол то сол тақвият ва густариш меёбад. Дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» низ  дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонда шудааст.

-Тўли як сол дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» 179 номгўй китоби бадеии кўдакона бо теъдоди 1 млн. 300 ҳазор нусха чоп карда шуд, ки пурра дастраси 3001 муассисаи таҳсилоти умумии такягоҳии Лоиҳа гардонида шуд. Ҳамзамон, дар самти татбиқи таълими фарогир корҳо идома дошта, моҳи феврали соли гузашта 12 номгўй китоби бадеии кўдакона бо алифбои брайлӣ чоп гардид, ки аз ҳар як номгўй 80 нусха буда, дар маҷмуъ, 960 ададро ташкил медиҳад. Китобҳои мазкур барои мактаб – интернатҳои махсус ва кўдакони нобино пешниҳод гардидааст. Дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» соли 2021 дуюмин озмуни «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» барои ташкили «Гўшаи хониш» гузаронида шуд. Дар ин озмун 450 муассисаи таълимӣ ширкат варзида, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии дар озмун иштирокнамуда «Гўшаи хониш» ташкил карда шуд. Озмун моҳи май ҷамъбаст гардида, ба 150 муассисаи таълимии беҳтарин таҷҳизоти технологӣ, аз қабили тахтаи электронӣ, видеопроектор, компютер ва телевизор туҳфа карда шуд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи муносибатҳои босалоҳият давоми солҳои 2016-2020 барои кумак ба омўзгорону хонандагон ва бо ин васила инкишоф додани дониш, малака ва маҳорати хонандагон 11 номгўй замимаҳо ба китобҳои дарсӣ бо теъдоди 1млн. 500 нусха (соли таҳсили 2016-2017), 68 номгўй дастурҳои раҳнамои омўзгор (тариқи ройгон) бо теъдоди умумии 466 800 нусха барои синфҳои 1-11 (соли таҳсили 2016 -2017, 2019 -2020) ва 53 номгўй раҳнамои омўзгор бо теъдоди умумии 332400 нусха солҳои  2018-2021 ба табъ расид. Ба тадбирҳои амалишуда нигоҳ накарда, санҷиш нишон дод, ки имрўз маводи таълимии фиристодашуда дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ  нигоҳ дошта нашуда, дар ихтиёри омўзгорон қарор дорад. Вобаста ба он ки ҳаракати омўзгорон дар муассисаҳои таълимӣ набудани шароит дар синфхонаҳои таълимӣ аз даструҳои мазкур хеле кам истифода мебаранд ва ин албатта, ба сифати таълим таъсир мерасонад.

 

Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш