Дар меҳмонхонаи Хилтон-Душанбе ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Шўрои воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз мақомоти давлатӣ, масъулони созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорон, сармуҳаррирони расонаҳои чопиву электронии кишвар ва устодон аз факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат карданд. Дар бахши ифтитоҳии ҳамоиш раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов, намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Гулнисо Табарова, роҳбари НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев, устоди ДМТ Қироншоҳ Шарифзода сухан гуфтанд.
Бахтиёр Ҳамдамов ҳисоботи нимсолаи Шўрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро ироа намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа интихоби раиси шўро баргузор шуд, ки дар ин бахш корманди нашрияи “Минбари халқ” Ҳуриннисо Ализода ба унвони раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Дилафрўзи Аваз,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр