Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масоили муҳим

Сана: 2021-12-31        Дида шуд: 109        Шарҳ: 0

 

27-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шўро Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Шўро-намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ширкат намуданд.

Дар ҷаласа вобаста ба вазъи омодасозии мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар вилояти Хатлон гузориши вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ва оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи техникию технологӣ гузориши муовини вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаи якум, зикр гардид, ки бо мақсади омода намудани мутахассисони зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир вобаста ба рушди иқтисодиёти миллӣ дар вилояти Хатлон 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб аз рўйи равияҳои омўзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ барои талаботи иқтисодиёти миллии кишвар аз рўйи 241 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд. Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, дар маҷмуъ, 2149 нафар омўзгор сафарбар гардидаанд, ки аз онҳо 70 нафар доктори илм, 357 нафар номзади илм ва 1722 нафар ассистентҳо мебошанд. Ҳамзамон, аз 2149 нафар омўзгор 427 нафарро омўзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ташкил медиҳанд.

Айни замон тамоми муассисаҳои таълимии вилоят тибқи меъёр, дар маҷмўъ, бо 2341 компютер, 560 адад принтер ва амсоли он муҷаҳхаз гардонида шудааст, ки аз ин шумора аксари компютерҳо бо шабакаи Интернет пайваст мебошад. Муассисаҳои таълимии вилоят дорои 30 бинои таълимӣ ва 15 бинои хобгоҳ буда, теъдоди донишҷўёни дар хобгоҳҳо истиқоматкунанда 2464 нафарро ташкил медиҳанд.

Таъкид гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон бо вуҷуди он ки дар раванди омода намудани мутахассисон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст, норасоию камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Пеш аз ҳама, кам будани омўзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ, қонеъкунанда набудани сатҳи донишазхудкунии донишҷўён, норасоии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо, куҳнаву фарсуда будани озмоишгоҳҳои таълимӣ ва норасоии маводи масрафшавандаи таълимӣ дар ин озмоишгоҳҳо, кам будани теъдоди пойгоҳҳои таҷрибаомўзӣ ва филиалҳои кафедраҳои тахассусӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, норасоии адабиёти таълимӣ аз зумраи камбудиҳои ҷойдоштаест, ки бояд ҷиҳати рафъи онҳо чораҳои дахлдор андешида шавад.

Айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рўйи 9 равия – омўзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқ, кишоварзӣ, фарҳанг ва варзиш мутахассис омода менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи техникию технологӣ 875 нафар омўзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 542 нафарро кормандони асосӣ ташкил медиҳанд. Аз теъдоди умумӣ 6 нафар доктори илм ва 43 нафар номзади илм мебошанд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки мутобиқат накардани заминаи моддию техникӣ, дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани биноҳои таълимӣ, норасоии неруи кадрӣ, китобҳои дарсӣ, нокифоя будани лабораторияҳои фаннӣ, дастгоҳу таҷҳизот ва ашёҳои таълимӣ аз омилҳое мебошанд, ки ба сатҳи омодасозии мутахассисони оянда таъсири манфӣ мерасонад.

Зимни баррасии масъалаҳо як қатор иштирокдорони ҷаласа ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.

Дар ҷаласа Нақшаи кории Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022 тасдиқ гардид.

 

Э.ХУШБАХТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш