Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгорон соҳиби манзил шуданд

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Раиси ноҳияи Ховалинг Нурулло Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар ноҳия таъмиру азнавсозии 30 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол, сохтмони муассисаи таълимии №4-и деҳаи Лоҳутӣ бо маблағгузории Фонди Саудӣ, сохтмони муассисаи таълимии №7-и деҳаи Сиёҳфарк аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадзарифи Шариф, сохтмони муассисаҳои таълимии деҳаҳои Сафедшаҳрак ва Шугнов бо маблағгузории Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  сохтмони муассисаи таълимии №20-и деҳаи Навобод бо тариқи ҳашар бо вусъат идома дорад. Ҳамчунин, сохтмони мактаби №9-и деҳаи Токак бо маблағгузории Рушди Олмон ва сохтмони мактаби №13-и деҳаи Сангрез аз тарафи ҶДММ-и «Кӯлобсохтмон» дар соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. Барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби буҷаи ноҳия 156 ҳазору 500 сомонӣ ва аз ҳисоби АВО-и муассисаҳои таълимӣ 71 ҳазору 340 сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ноҳия мактаби №17 дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Дар соли хониши 2017-2018 бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия 45 нафар омӯзгори ҷавон ба ҷойи кор таъмин гардида бошанд ҳам, 9 нафар омӯзгор (аз фанҳои табиатшиносӣ) намерасад. Дар ноҳия ба ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, соли гузашта ба 9 нафар омӯзгори ҷавон хонаи истиқоматӣ ва ба 16 нафари онҳо замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш