Нашрияи Омӯзгор

Роҳнамои аҳли ҷомеа

Сана: 2021-12-30        Дида шуд: 101        Шарҳ: 0

 

Имрўзҳо дар тамоми гўшаву канори Ватани соҳибистиқлоламон аҳли ҷомеа  барои ба таври арзанда ҷамъбаст кардани соли фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷидду ҷаҳд доранд ва баҳри рушду нумўи ҳамаҷонибаи кишвари  азизи худ заҳмат мекашанд. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талоши собитқадамонаи ҳамватанон   тамоми шаҳру навоҳии мамлакат  бо қомат афрохтану бунёд шудани садҳо иншооти замонавӣ боз ҳам ободу зебо гардидаанд.  Тоҷикистони азизамон қабои мунаққаши идона ба бар карда, қалби ҳар як сокини огоҳу бофазилати он аз нури ваҳдату истиқлол ва ифтихори ватандорӣ мунаввар шудааст.

Ҳамасола пешниҳод гардидани Паёми Президент ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ як воқеаи муҳим дар ҳаёти сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат маҳсуб мешавад. Зеро Президент бо ироаи Паёмашон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва дурнамои пешрафти онро мушаххас менамоянд.

Дар баробари таҳлили амиқи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар Сарвари давлатамон ба масъалаҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ, таълиму тарбияи насли наврас ва нақши ҷавонон дар ҷомеа  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Даъват карданд, ки бо  масъулияти баланд бояд ҳама ба тарбияи ҷавонон машғул шавем ва нагузорем, ки онҳо фирефтаи доми аҷнабиён гашта, шомили гурўҳҳои ифротӣ гарданд. «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омўзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд», - таъкид намуданд Пешвои миллат.

    Дар Паём баробари дигар соҳаҳо Пешвои миллат  ҷиҳати рушду инкишофи маорифи кишвар фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда, бори дигар зикр намуданд, ки: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла, шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».

Пешвои миллати тоҷик ояндаи мамлакат ва рушди илму маорифро аз заҳматҳои омўзгорон вобаста медонанд:

«Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омўзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

 «Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».

Андешаву пешниҳод ва ибтикороти Сарвари кишвар ҳар як шаҳрванди баору номус ва соҳибватанро бетараф гузошта наметавонанд ва мо бояд  минбаъд ҳам барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузорем: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дўст дорем, ватандўсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне, соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ  ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рўзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рўз заҳмат кашем».

Комилҷон Қодиров,

муаллими калони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш