Нашрияи Омӯзгор

Марде аз табори миллат

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 98        Шарҳ: 0

Дар бораи қаҳрамонӣ ва фаъолияти пурсамари Сарвари хирадмандамон, Қаҳрамони Тоҷикистон, сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону коршиносон, адибони номдори тоҷик  борҳо суханҳои басо барҳақу баланд гуфтаанд.

Собиқ вазири дифои Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд боре чунин изҳори ақида намуда буд: “Ман имрӯз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери борони тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре,  ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо, дар ин солҳои ҷанг он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхорро надоштем”.

Дар ҳақиқат, Афғонистон то ба ҳол авзои ваҳим ва ногуворе дорад, ки дар ин масъала низ Роҳбари тоҷикони ҷаҳон борҳо аз минбарҳои баланд   ҷомеаи ҷаҳониро даъват  карданд, то ба қазияи Афғонистон расидагӣ намоянд. Ҷомеаро пешвоён месозанд ва обод мекунанд, миллатро сарҷамъ нигоҳ медоранд. Он чӣ Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик анҷом дод, ин қаҳрамонӣ  ва азхудгузарӣ буд, ки на ҳар кас чунин қудратро дорад.

Вобаста ба ҳамин, сарварони кишварҳои абарқудрат борҳо аз ин қаҳрамонӣ ва башардӯстии Пешвои миллат ёдовар шудаанд. Ҷорҷ Буш, собиқ президенти ИМА ин гуна баҳо дода буд: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои кишвараш бениҳоят мураккаб инони  давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар  кишвар барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшуморанд».

Ислом Каримов, собиқ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, перомуни хидматҳои бузурги Сарвари давлат чунин изҳори назар намудааст: «Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмонов дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳаввулоти кунунии зиндагӣ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти ӯ дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо кардани мувофиқа байни одамони дорои эътиқодот ва назариёти комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ ҷузъи  асосии сулҳи имрӯза дар Тоҷикистон мебошанд».

Воқеан ҳам, ҷасорат ва садоқати он кас ба халқ Тоҷикистонро аз буҳрони бузург вораҳонид ва миллатро сарҷамъ намуд, ки ин қаҳрамониро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намесозад.

Имрӯз муайян гардидааст ва мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар саргаҳи равандҳои давлатсозӣ абармарде ҷилвагар аст, ки ҳамагонро муттаҳид сохт ва хишти давлати навини тоҷиконро гузошт, ки марҳилаи сарнавиштсоз ва таърихӣ барои мо  мебошад. Ин нуктаро ҳам бояд таъкид намуд, ки бори аввал барои миллати тоҷик Президенти кишвар аз хештаншиносӣ ва аҳдофу ниятҳо ва ваҳдати миллат гуфтанд ва дар китобҳои хеш низ роҷеъ ба ин масъала таълифоте овардаанд, ки барои шинохти тоҷик ва рушди тоҷикият мусоидат менамояд.

Шоири тоҷик, шодравон Гулназар Келдӣ  роҷеъ ба роҳи паймудаи миллат сухан ронда, аз саодати миллат хушҳолӣ намуда, онро роҳи шараф номидааст:

Ин роҳ, ки бар тани Ватан шарён аст,

Роҳи шарафи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ёфтани роҳи ҳалли масъала, хотима бахшидан ба ҷанги хонумонсӯз ва эҷоди формулаи нав фақат кори Пешвоён аст, ки Пешвои миллати мо  чунин як формуларо эҷод намуданд ва ба тоҷику тоҷикистонӣ сулҳ оварданд, ки роҷеъ ба ин масъала адиби доғистонӣ Расул Ғамзатов чунин гуфтааст: «Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони бо ҷасорату хирадманд — Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дифоъ аз тоҷикияту ҳуқуқи башар аз минбарҳои баланд садо медиҳанд, ки боз ҳам аз гуманизми баланди Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи “Пешвои асри 21” гардиданд, ки ин ҳам идомаи ҳамон эътироф аст.

Ногуфта намонад, ки дар натиҷаи  пеш бурдани сиёсати хирадмандонаи Сарвари ғамхорамон ва чораҷӯиҳои ҳукумати кишвар дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи муътадили сиёсӣ ба даст омада, кишвари азизамон - Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2000 макони баргузории як қатор конфронсу саммитҳои байналмилалӣ ва макони вохӯриву мулоқотҳои сарони давлатҳои абарқудрат, аъзоёни созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ   гардид, ки ин аз сохтори муътадил ва иқтидори баланди давлатамон шаҳодат медиҳад.

Тӯли 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳаёти фарҳангиву моддӣ тағйир ёфта, миллат ба фараҳу шодӣ расид, тамоми соҳаҳо рушд намуданд ва инқилоби маданӣ дар мамлакатамон сурат гирифт, ки ин ҳама аз баракати мактаби давлатдории навини кишвар мебошад.

Интихоби Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ҳамчун роҳбар беҳтарин интихоб буд, ки имрӯз миллат ба тамоми орзуву омолаш расид ва муҳим аз ҳама, сулҳу ваҳдат ба даст омад ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрати баландро касб намуд.

 

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,

ректори Донишкадаи кӯҳию

металлургии Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш