Дар бораи пайдоиш ва чиро ифода кардани нишони бозиҳои олимпӣ, ки аз панҷ ҳалқаи ранга иборат аст ва муаллифи он маълумот доштан мехоҳем.
Сабур Акрамов,
Илҳом Неъматов,
донишҷӯёни ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
Нишони бозиҳои олимпӣ соли 1913 аз тарафи Пйером де Куберте ном шахс тасвир ва пешниҳод гардида буд. Мақоми расмии тасдиқи ин нишон дар бозиҳои соли 1914 (дар Белгия) сурат гирифт. Ҳангоми муаррифии рамз худи Пйером де Куберте қайд намуд, ки панҷ ҳалқаи олимпӣ, ки дар рамз тасвир ёфтааст, панҷ қисми рангҳоро ташкил медиҳад, ки рӯҳи олимпиадаро ифода мекунанд. Якчанд навъи маънидодкунии ин рамз мавҷуд аст, ки дақиқтаринашон инҳоянд: навъи якум чунин аст: Ҳар як ҳалқаи ранг ба қитъаи мухталиф тааллуқ дорад. Масалан, Аврупо – кабуд, Африқо – сиёҳ, Амрико – сурх, Осиё – зард, Австралия – сабз. Баъдан ба хулосае омаданд, ки ин рангҳо аз он сабаб дарҷ гардидаанд, ки парчами ҳар давлат ҳадди ақал як ранги ин рамзро доро мебошад.
Навъи дигари тафсир чунин аст: панҷ ҳалқаи бозиҳои олимпӣ бо рангҳои мухталиф нишонаҳои намудҳои гуногуни варзиш мебошанд. Ҳамин тавр, шиноварӣ, ки бо об алоқаманд аст, аз ҳамин сабаб рангаш кабуд, шамшербозӣ – оташ аст, яъне рангаш сурх, давидан ба масофаи муайян – замин, рангаш зард, аспдавонӣ – дарахт, рангаш сабз, тирпаронӣ – метал, рангаш сиёҳ.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр