Нашрияи Омӯзгор

Номи некашро гиромӣ бидорем!

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 117        Шарҳ: 0

 

Деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич дар доманаи қаторкӯҳҳои Туркистон ҷойгир шудааст. Дар ин деҳа зиёда аз 10 ҳазор нафар аҳолӣ ҳаёт ба сар бурда, шуғли асосияшон растанипарварӣ ва чорводорӣ мебошад.

Солҳои таҳсили 2013-2014 бо ташаббуси шодравон Мамлакат Ёрова дар рустои Басманда муассисаи таҳсилоти томактабии №6 ба фаъолият оғоз намуд. Аввалин мудири кӯдакистон худи М. Ёрова таъйин гардида буд. Бонуи масъулиятшинос барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон бо маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ тамоми таҷҳизоти зарурии кӯдакистонро дастрас намуд. Аммо муассиса дар бинои бошишгоҳи саҳроии ба номи Ҳотам Қурбонов ҷойгир буд ва ба меъёру талаботи таълимӣ ҷавоб дода наметавонист. Мамлакат Ёрова орзуи онро дошт, ки кӯдакистон бо бинои наву замонавӣ ва мутобиқ ба стандартҳои таълимӣ таъмин гардаду тифлакон дар шароити мусоид ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд…

Хушбахтона, моҳи июни соли равон аз тарафи идораи сохтмони асосии вилоят ва  бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони бинои нави кӯдакистон барои 3 гурӯҳ оғоз гардид. Он аз ду қабат иборат буда, зиёда аз 60 ҳуҷраи кориро дар бар мегирад. Орзуи деринаи аввалин мудири муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 6 Мамлакат Ёрова амалӣ гардида истодааст, аммо сад афсӯс, ки ӯ дигар дар байни мо несту ин рӯйдоди хушро намебинад…

Номбурда коллеҷи омӯз-гории ба номи академик Б. Ғафуровро бо дипломи сурх хатм намуд ва барои сайқал додани дониш ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дохил шуда, соли 2011 онро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Дар айёми донишҷӯӣ ва фаъолияти корияш дар мактаби миёнаи №7 раисии Шӯрои духтаронро бар уҳда дошт. Ин бонуи заҳматпеша айёми фаъолияташ дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ аз тарафи мактаб, муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва шуъбаи маориф бо ифтихорномаҳо сазовор дониста шудааст. Аммо мукофоти аз ҳама олӣ барои М. Ёрова ин қадрдонӣ ва ҳурмату эҳтироми волидону ҳамдеҳагон ба шумор мерафт. Шодравон М. Ёрова бонуи ташаббускору ташкилотчӣ буд.

Сокинони деҳа М. Содиқова, Д. Рустамова, М. Ёрова, М. Қобилова ва дигарон мехоҳанд, ки кӯдакистони №6-и деҳаи Басманда ба номи муаллима гузошта шавад. Бинобар ин, аз мақомоти давлатии ноҳия, вилоят ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост менамоянд, ки ба хотири қадршиносӣ аз хидматҳои муаллима, ҷидду ҷаҳд дар ташкил намудани муассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи мазкур ва такмилу мустаҳкамгардонии пояи моддии таълимгоҳ хотираи собиқ мудири муассиса пос дошта шудаву ин кӯдакистон ба номи аввалин роҳбари муассисаро бар худ бигирад. Агар ин амали хайр анҷом шавад, барои ҳавасмандии дигар духтарони деҳа ба соҳаи маориф ва ё фаъолият дар дигар бахшу соҳаҳо нақши муҳим мебозад.

Р. Ёров,

 М. СиддИқова,

М. Ёрова,

Д. Рустамова

ва дигар сокинони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш