Нашрияи Омӯзгор

Панди Шайх Шиҳобуддин

Сана: 2022-01-05        Дида шуд: 70        Шарҳ: 0

 

Пири муршид ва доно Шайх Шиҳобуддин  дар сафари дарё ба ман ду насиҳат кард: яке ин ки худбин ва дигар ин ки нисбат ба дигарон бадбин мабош. Ман шунида будам, ки ин шайх ҳангоми тиловати Қуръони маҷид агар ба оятҳои «аҳли ҷаҳаннам» мерасид, зор-зор гиря мекард. Ӯ шабе аз шабҳо аз тарси дӯзах нахобид ва ҳангоми субҳ ба гӯшам расид, ки мегуфт: «Чӣ мешуд, агар ҷаҳаннам аз вуҷуди камина пур мешуд, ки барои дигарон ҷое боқӣ намемонд ва осиён аз азоби он озод мешуданд».

Яке аз муридонаш ӯро ба озодмардӣ ситоиш кард ва  гуфт:

-Ту касе ҳастӣ, ки дар роҳи Ҳақ ва дин ранҷҳои бисёр кашидаӣ.

Шайх чунин посухаш дод:                                              

-Чаро маро ситоиш мекунӣ? Беҳтар ин ки хомӯш бошӣ ва сокит шавӣ. Ман ҳар умеде, ки дорам, ба фазлу карами Худованд аст. Ман ба амали худам такя надорам, чун такя кардан ба амали худ хатост.

Ӯ аз хиҷолат сарашро ба гиребонаш хам карда буд ва мегуфт:

-Ман чӣ кор кардам, ки битавонам ба он корам дил бибандам...

Эй хонандаи азиз, тариқат ҳамин аст, ки аҳли яқин ҳама неку накукор буданд ва фақат хатои худашонро медиданд. Ҳамеша худашонро коҳилу танбал мепиндоштанд. Оре, саодату хушбахтӣ дар ин дунё моли касест, ки дар фикри осоиши халқ ва дар ғами мардум бошад.

(Аз китоби «Роҳе ба сӯйи «Бӯстон»)

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш